06 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №23 бо шукргузорӣ аз неъматҳои фаровони Истиқлоли меҳан аз 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд омӯзгорон ва хонандагонро бо 34-уми солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба миён овард. Тамоми дастовард, пешравӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ ба Истиқлолияти давлатӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳамзамон кулли тағйироту дигаргуниҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуданд. Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки ба марҳилаи сифатан нав – роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ ва илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Дар даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам оварда шуд, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи мамлакат ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ интихоб гардад. Тамоми сокинони давлати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ қабул карда шуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!
Сипас ба як қатор омӯзгорони фаъол Сипосномаҳои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







