06 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маркази саломатии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 34 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.
Дониёр Худойизода, сардори Марказ ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тандурустиро бо Иди Истиқлолият табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвари худ баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андешад. Соҳаи тандурустии кишвар низ давра ба давра тараққӣ намуда, яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати кишвар қарор гирифт. Дар ин давра таҷҳизоти муосири тиббӣ ва усулу воситаҳои замонавии ташхису табобат ворид гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ тадриҷан боло бардошта шуд.
Назорат Юсупова, сармуҳаррири рӯзномаи "Шафақ" низ табибони бо ҷашни Истиқлоли Ватан таҳният гуфт.
Сипас, ба як қатор фаъолони Маркази саломатӣ Ифтихорнома тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







