06 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба муносибати 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд.
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатиро бо фарорасии 34-уми солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта. Аз ҷумла афзуд, ки агар ба давраи 34-соли Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳову бурдбориҳои беназир ва ободкориву бунёдкорӣ ба ин соҳа назар намоем, амиқ мегардад, ки аз он ҳама дастовардҳо аз баракоти Истиқлол аст. Ҳанӯз, аз оғози давлатдории навини тоҷик, яъне бо ба даст овардани Итсиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати мамлакат пайваста барои беҳтарнамоии соҳаи тандурустии кишвар талош дошт ва сол аз сол пояҳои техникӣ, сифати хизматрасонӣ, мукаммалшавии инфрасохтор ва неруи кадрии соҳаро тақвият мебахшид ва рушди ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа ба меъёрҳои замони муосир мутобиқ гардонда шудааст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ сараввал як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа таҷдиди назар ва аз нав таҳия ва тасдиқ гардида, маблағгузорӣ ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ сол аз сол зиёд гардида, инфрасохтори соҳаи тиббӣ ба маротиб рушд намуд.
Ин ҳама бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззми миллат, абармарди таърихи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, ки мо ҳамеша шукронаи амну осиштагии кишвар менамоем.
Мудири бахши умумии Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Деҳқонова номаи табрикотии ҳизбиёнро ба ҷомеаи меҳнатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд расонда аз ҷумла афзуд, ки ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯйи барномаҳои қабулшудаи соҳа ва лоиҳаҳои таҳрезигардида, ба муассисаҳои тибби кишвар таҷҳизоти муосир ва технологияҳои замонавӣ ворид гардидаву боиси беҳтар шудани сифати ташхис, муоина ва табобати беморон замина ба вуҷуд овардааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ба кишварҳои хориҷӣ барои табобат рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст. Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар дохили кишвар аз дастоварди муҳими Истиқлоли давлатӣ ҳисобида мешавад.
Сипас ба як қатор фаъолон ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







