06 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Аҳли тарбиятгирандагони МТТ №31-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ бо раҳнамоии мураббиёни хеш бахшида ба 34 солагии Истиқлоли давлатӣ маҳфили идона ташкил намуданд.
Дар маҳфил шеъру сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои мавзун ва таронаҳои ҷолиб пешниҳоди ҳамагон гардонида шуд.
Мураббиён дар бораи Истиқлол ва мазмуни он маълумот дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ва худшиносӣ яке аз заминаҳои истиқлол мебошад. Ҳамкории халқ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси худшиносӣ барои муҳофизати истиқлол муҳим арзёбӣ мегардад.
Маърифату таҳсил яке аз роҳҳои дигаре аст, ки дар ҳолати маърифатнокии миллат ва таҳсилоти хубу созгор метавон ҷомеаро мустаҳкам намуд. Он ба тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа кумак мекунад, то ки наслҳо бо ҳисси масъулиятшиносӣ ба Ватан хизмат кунанд. Масъулияти баланди ҳар шаҳрванд аст, ки тамоми арзишҳои миллӣ ҳифз карда шаванд. Ҳифзи истиқлол кори дастҷамъона аст, ки танҳо тавассути меҳнат, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ имконпазир гардидааст. Дар ин давра ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта шуда, забон, фарҳанг, таърих ва анъанаи гузаштагон ҳифз гардид. Маърифату таҳсил баланд бардошта шуда, ҷавонон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо масъулиятшинос шуданд. Ҳамкории созанда ва сулҳомез тарғиб карда шуда, дар ҷомеа оромиву суботи пойдор ба вуҷуд омад. Наврасону ҷавонон бо назардошти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва истиқлол дар ҳар кору амали худ аз манфиатҳои давлату миллат ҳимоят намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







