05 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз бо ташаббуси табибони Дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, дар муассисаҳои таълимии шаҳр рӯзҳои саломатии дандон баргузор гардид.
Табибони соҳибтаҷриба бо рӯҳияи касбӣ ба назди кӯдакон рафта, дандони онҳоро муоина намуда, корҳои профилактикиро ба роҳ монданд. Онҳо на танҳо мушкилиҳои эҳтимолии дандонро муайян карданд, балки ба кӯдакон ва мураббиёну омӯзгорон дар бораи қоидаҳои дурусти дандоншуӣ, одатҳои ғизои солим, ва роҳҳои пешгирии бемориҳои даҳон машваратҳои судманд доданд.
Ин иқдом боиси он гардид, ки хурдсолон бо шавқу завқ тарзи дуруст шустани дандонро аз худ намуда, аҳамияти нигоҳубини саломатии даҳон ва дандонро беҳтар дарк карданд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо – ҳимояи саломатии кӯдакон ва ташаккули фарҳанги дурусти дандонпарварӣ аз овони хурдӣ мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







