05 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №22-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили идона баргузор шуд.
Тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ доир аб Истиқлолият, Пешвои миллат, Ватан, Президент шеъру суруд ва гуфторҳо ироа намуданд.
Аз ҷониби мураббиён дар бораи мафҳуми Истиқлолият маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







