04 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо сокинони маҳаллаи “Мевағул”-и шаҳр бо усули "Маҳал ба маҳал" доир ба масоили доғи ҷомеа баргузор гардид.
Дар мулоқот Мурод Раҷабов – мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, Маҳмадсалим Ҳаитов - роҳбари дастгоҳи Раиси Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Султон Ғафуров – сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, имомхатиби масчиди "Тақво" Аҳад Икромов, намояндаи Маркази касбомӯзӣ ва хизмарасонӣ дар шаҳри Хуҷанд Диловар Муродов иштирок ва баромад намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр - ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳамагуна шаклҳои зўроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил ва ғайра даъват ба амал оварда шуд.
Дар охир, сокинон суолҳои худро матраҳ намуда, посухҳои муфассал ва муътамад дарёфт карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







