04 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва Ғулом Ҳалимзода дар идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд бо кормандони соҳаи бонкдорӣ ва нозироти андоз мулоқот намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуданд, ки ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусияти иқтисоди давраи гузаришро пурра таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои берунӣ ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Бинобар ин, барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти мамлакат ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ бо он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити асосии замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойи нави кор мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ инчунин таъкид намуданд, ки дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки ҳукумату давлат ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бо вуҷуди ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвият бахшидан ба рушди истеҳсолот, иқтидори содиротӣ, рақобатпазирӣ ва воридотивазкунии маҳсулот тавассути ҳамкории босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бамаврид иброз доштанд, ки «бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст. Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад».
Дар мулоқот Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Мунзифа Ҷабборӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







