04 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 34 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили идонаю хотирмон сурат гирифт.
Дар маҳфил доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби мураббияи гуруҳ маълумот дода шуда, тарбиятгирандагон шеъру тарона ва сурудҳои ватандўстона хонданд.
Таъкид шуд, ки аввалин ва бузургтарин дастовард — сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Мардуми тоҷик баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дубора ба ҳам омад, ваҳдат барқарор гардид ва суботи сиёсӣ таъмин шуд. Сипас, мамлакат ба марҳилаи созандагӣ ворид шуд. Дар ҳамаи соҳаҳо — иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сиёсати хориҷӣ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Тоҷикистон имрӯз дорои садҳо неругоҳи барқи обӣ, ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард, садҳо пулу нақбҳо, мактабҳо, бемористонҳо ва марказҳои фарҳангиву варзишӣ мебошад. Аз ҷумла, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун рамзи иқтидори миллӣ ва истиқлолияти энергетикӣ ба шоҳкори асри навин табдил ёфт.
Дар соҳаи маориф ва илм ҳазорон муассисаи таълимӣ сохта шуда, донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд. Забони давлатӣ мавқеи хос касб кард, таърихи миллат бо такя ба ҳақиқат дубора навишта шуд ва фарҳангу ҳунари миллӣ рушд кард. Дар бахши сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон бо садҳо давлат муносибати дипломатӣ барқарор намуда, дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати ташаббускор ва сулҳпарвар шинохта мешавад.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошанд, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд зиндагӣ мекунем. Маҳз истиқлолият буд, ки ба мо имкон дод худро бишносем, роҳи худро равшан кунем ва ба сӯи оянда бо эътимод равем. Акнун масъулияти насли имрӯз аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, онҳоро барои фардои беҳтар тақвият бахшад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







