04 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ№23-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ маҳфили идона баргузор гардид.
Тарбиятгирандагон дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Президент, Пешвои миллат шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб ироа намуданд. Рақсҳои мавзун аз қониби кӯдакон пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки дар 34 соли Истиқлолият Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид, пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ — Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд ва устувор гардиданд.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад. Пешвои миллат — шахсияти таърихиест, ки ин истиқлолиятро на танҳо нигоҳ дошт, балки ба он мазмуну муҳтаво, рушд ва ояндасозӣ бахшид.
Истиқлолият барои миллати тоҷик гардиши сарнавиштсоз буд, ки бо он миллати куҳанбунёди мо соҳиби давлатдории навин ва имкони муайян кардани роҳи худ гардид. Давоми беш аз сӣ соли истиқлолият Тоҷикистон аз мамлакати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, рушдёбанда ва устувор табдил ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







