03 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 то 10 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд.
Имрӯз дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур вакилони МНМО ҶТ Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ғулом Ҳалимзода- раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаи Чорчароғ мулоқот намуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва давлати маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд. Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, давлати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд».
Тоҷикистони тозаистиқлол дар шароити печидаи сиёсати байналмилалӣ бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқи тоҷик, сиёсати хоссаи хешро пеш гирифт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро густариш дода, самтҳои рушдро муайян намуд ва бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат эълом дошт.
Бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат барои расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату якдилӣ ва ҳамовозии умедворонаву заковати таърихии мардуми бонангу ватандӯст натиҷаҳои дилхоҳ ба бор омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон омили қавию ҳаётбахши устувории истиқлоли давлатӣ гардид ва барои гузаронидани як силсила ислоҳоти муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан, демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам омад.
Дар масири бунёдкоронае, ки халқи азизи Тоҷикистон дар замони кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадбунёди Пешвои муаззами миллат паймуд, мактаби бузурги давлатдории навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт ва ба заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр таҳким бахшида шуда, қудрату нерумандии давлат ташаккул ёфт.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







