03 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бунёди Маркази зеҳни сунъӣ ва "IT park" идома дорад.
Иншооти мазкур дорои маҷлисгоҳ бо 700 ҷойи нишаст, "IT park, осорхона, ҳамчунин толорҳои хурди ҳимояи корҳои илмӣ буда, имкониятҳои васеъ барои рушди илму технология фароҳам хоҳад овард.
Айни замон корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои пардоздиҳиву рангуборкунӣ оғоз гардидааст. Дар назар аст, ки марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, ба яке аз заминаҳои муҳими рушди соҳаи илму таҳқиқ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд мубаддал гардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни боздид аз ҷараёни корҳо ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулин дастур дод, то сохтмон бо сифати баланд анҷом дода шуда, марказ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардад.
Бунёди чунин марказҳои илмиву таҳсилотӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки донишгоҳ дорои 5 бинои таълимӣ, бо фарогирии 130 синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи илмӣ, толор ва майдонҳои варзишӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ, лабораторияҳои криминалистӣ, инноватсионии табиӣ, толори судӣ, студияи телевизионӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва таълимӣ мебошад. Алҳол дар 6 факултети донишгоҳ дар зинаи бакалавр аз рӯи 49 ихтисос, дар зинаи магистратура аз рӯи 12 ихтисос ва дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯи 9 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







