03 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид, аз ҷараёни сохтмони як қатор иншоот ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Нахуст аз рафти таъмиру азнавсозии бинои филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист ва то охири сол ба ин даргоҳи таълимӣ курсатон ба илмомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.
Фармоишгари иншоот Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмони Истиқлол» мебошад.
Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле нақши муҳим дорад.
Дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои Суди вилояти Суғд низ бомаром идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида бунёд мегардад.
Дар маҳаллаи “Ваҳдат” сохтмони бинои нави зершуъбаи шаҳраки милитсияи соҳили рости дарёи Сирдарёи шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд низ бомаром идома дорад, ки соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад.
Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 360 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми тадбирҳо равона карда шудаанд.
Бояд қайд намоем, ки аз сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то ба имруз нақша пеш аз муҳлат иҷро ва беш аз 1000 иншоот дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







