(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

Дар ин раванд, айни замон дар шаҳри Хуҷанд бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нав сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гардонда хоҳад шуд.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони биноҳои соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос шуданд.
Нахуст аз раванди бунёди бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд боздид карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки он аз 6 ошёна иборат аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд. Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, мулоиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои перафта таҷрибаомӯзӣ мекунанд, фаъолият доранд.
Бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои 120 кат бо тамоми шароит ба истифода дода хоҳад шуд. Фароҳамсозии шароити мусоид барои табибони марказ имкон медиҳад, ки қабулу ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар таъмини солимии ҷомеа беш аз пеш саҳмгузорӣ намоянд. Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаб Аҳмадзода ҳамзамон аз рафти сохтмони бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, пудратчии сохтмон ширкати “Хушофар” мебошад.
Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила муроҷиати беморон ба хориҷи кишвар бамаротиб кам гардад.
Бояд қайд намуд, ки дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароитҳои замонавии фароҳамовардашуда, дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосир ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ мебошанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз раванди босуръати биноҳои иловагии соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар муҳлати муайяншуда супоридани иншоот дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...