02 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 то 10 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд.
Дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур вакилони МНМО ҶТ Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиесати ҷавонон, муовини раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ғулом Ҳалимзода- раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон санаи 1 сентябри соли ҷорӣ бо кормандону табибон ва ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи клиникавии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ба номи С. Урунов вохурӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми даҳ рӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагон оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории интихоботи соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, вохуриҳо бо шаҳрвандони касбу кори гуногун баргузор намуда, сухан мегӯянд.
Ҳамзамон маълумот оид ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат пешниҳоди интихобкунандагони мамлакат гардонида мешавад.
Вакилони мардумӣ дар ҳар нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилияшон ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







