(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон ироа гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷроиши босуботи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Раиси вилоят фаъолияти ҳамарўзаи худро дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда, баҳри пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида истодаанд.
Сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи ҷаҳонӣ натиҷаи чораҳои андешдашуда имкон дод, ки дар ин давра 23 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 142 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби зиёда аз 20,0 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 321 адад расонида шавад.
Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода саҳми босазо гузошта истодааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 922 миллиону 735,5 ҳазор сомонӣ расида, аз ин миқдор 214,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 126 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 490,9 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 82,8 млн. сомонӣ ё 20,3 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Боиси ифтихормандист, ки соли ҷорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афранг Пластик” ва корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷпанел” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афранг Пластик” бо навтарин дастгоҳу технологияи истеҳсоли кишварҳои Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин муҷаҳҳаз гардонида шуда, маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда истеҳсол менамояд.
Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз 3 соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонида мешавад.
Ҳоло дар корхона 100 нафар коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол намуда, 70-80 фоизи маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷпанел” бо саҳми соҳибкори ватанӣ Сўҳроб Мирзоаҳмадов бунёд шуда, иқтидори он дар як сол истеҳсоли 15 ҳазор метри мураббаъ панелҳои ороишӣ ва 500 метри мукааб деворҳои байниҳуҷравӣ мебошад.
Маҳсулоти корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шуда, семент ва дигар ашёи хоми истифодашаванда дар истеҳсолот ватанӣ аст.
Муяссара Қаҳҳорӣ иттилоъ дод, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 964 адад бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 101,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдгардида, 239 адади он ба нимсолаи якуми соли ҷорӣ рост омада, аз онҳо 36 иншоот дар соҳаи саноат, 4 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 5 иншоот ба соҳаи маориф, 18 иншоот дар соҳаи варзиш, 1 иншоот дар соҳаи истироҳатӣ-фарҳангӣ, 118 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 37 бинои истиқоматӣ, 2 иншоотҳои гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд ва 18 адад корҳои ободонию мумфаршкунӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки бо мақсади тарғибу ташвиқ ва расонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали мулоқоту вохўриҳо дар муассисаю ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд таҳия гардида, баҳри мақсаднок ва босифат баргузории онҳо як зумра коршиносону мутахассисони варзида ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр ҷалб гардиданд.
Ҷиҳати истиқболи сазовори санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, рўзҳои касбии кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар муассисаҳои таълимии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои шаҳр чорабиниҳои идона, конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ, мулоқот ва мизҳои мудаввар дар сатҳи баланди фарҳангию-сиёсӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади тарбияи маънавии аҳолӣ, густариши корҳои тарғиботӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, мусоидат баҳри эҳёи расму оинҳои мардумӣ ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ 6 маротиба Рўзҳои ягонаи ахбор дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни кори ҷаласа аз муовини аввал ва муовинони Раиси шаҳр, масъулини соҳаи саноат, маориф, тандурустӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон, ҷавонон, ободонӣ, муассисаҳои коммуналӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёти мусофиркашон, маҳаллаҳо ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои муайян супоришҳои қатъӣ дод.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд маҷмуан фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Хуҷандро дар давраи сипаришуда мусбат арзёбӣ ва миннатдорӣ баён карда, ҳамзамон аз фаъолон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи зарфиятҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сайёҳон, афзун намудани дастовардҳо ва истиқболи пуршукуҳи ҷашнҳои умумиллӣ ва рушди бемайлони шаҳр саъю кӯшиши бештар намуда, якдилона Ватани маҳбубамонро ободу мунаввар созем.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли равон аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз мо аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр натиҷабардорӣ намуда, изҳори боварӣ менамоем, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи тамоми фаъолон ва кулли мардуми шарафманди шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмини дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.
Сипас ба як қатор фаъолони шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...