11 Июль 2025
Недоступен ни однин перевод.
10 июли соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, нагаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои радикаливу экстремистӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, дар маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Абдусаттор Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳр Муродҷон Раҷабов, инчунин намояндагони комиссариати ҳарбӣ, хадамоти муҳоҷират ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон мебошад. Гуфта шуд, ки танҳо тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ, ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаёти ҷомеа ва ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор бо сокинон метавонад ба муқовимати муассир бо ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб гардад. Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ, инчунин нақши муассири оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён зарурати идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Дар поёни мулоқот, сокинон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал дарёфт карданд ва аз баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







