08 Июль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар шаҳр иқдомҳои судманд амалӣ мешаванд.
Яке аз онҳо “Корвони саломатӣ” мебошад, ки ин навбат дар Маркази саломатии №6-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин маърака аз тарафи Маркази саломатӣ 11 нафар табибон, 22 нафар ҳамширагон саҳми худро гузоштанд. Ногуфта намонад, ки Марказҳои шаҳрии мубориза зидди бемории сил ва мубориза алайҳи ВНМО низ мардумро аз ташхис ройгон гузарониданд. Ҳамаги аз 310 нафар хизмат расонида шуда 29 нафар нахуст бемор бо бемориҳои гуногун ба қайд гирмфта шудаанд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур кормандони Маркази тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, маводи иттилоотӣ паҳн карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







