17 Январ 2015
Мағфират Дадобоева давоми фаъолияти зиёда аз 40 солаи худ дар комбинати щоҳибофии шаҳри Хучанд тавонист аз коргари оддӣ то ба дараҷаи намояндаи халқ дар мақоми қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, ходими ҳизбӣ, зани фаъол ва устоди чандин шахсони арзандаи диёр гардад. Соҳибҷашн баробари фаъолияти меҳнатӣ ва шахси ҷамъиятӣ будан, модари мушфики панҷ фарзанд аст.
Ин ва дигар хислатҳои наҷиби соҳибҷашн, нақшу корнамоии ӯ дар истифодаи таҷрибаи пекадам, зинадагиномааш чун соҳибхоназан ва оиладорӣ дар суханони табрикии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид. Маҳз ба фаъолияти Махфират Дадобоева чун депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди Қасри фарҳанги «Абрешимчӣ», ки имрӯз номи Қасри фарҳанги ба номи А. Рӯдакиро дорад, таъсиси филилати донишкадаи политехникӣ дар маркази вилоят иртибот дорад ва аз ҷумлаи амалҳоянд,ки номи соҳибҷашнро дар таърих сабт намудааст, қайд намуданд ҳамкорон ва ҳамсафони ин зани номдор.
Ҳамчунин дар назди ҳозирон доири ҳаёту фаъолияти Махфират Дадобоева котиби якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Коммунисти вилояти Суғд Абдуҷаббор Ахмедов, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, Мавҷуда Бобоева ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар қисмати фарҳангӣ бошад аз ҷониби ҳунармандон Саидқодир Ёқубов, Носирҷон Раҳимов таронаҳои дилангез иҷро гардид.
Дар интиҳо соҳибҷашн Маҳфират Дадобоева ба давлату хукумат барои қадрдонӣ ва этибор изҳори сипосмандӣ намуд.