(3 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Корхонаҳои саноатии шаҳр мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ, дар доираи иҷрои талаботҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар натиҷа маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,0 миллион сомонӣ зиёд, ё 121,6 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 490,1 миллион сомонӣ расид. Аз ин миқдор ба маблағи 107,3 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он тамоюли афзоиш дошта барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Дар ин раванд мавриди истифода қарор додани коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи ҳисоботӣ ба 187,1 миллион сомонӣ расонида шуда, саҳми он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр (бе назардошти тақсимоти қувваи барқ, гази табиӣ, истеҳсол ва тақсимоти об) 41,3 фоизро ташкил диҳад.
Дар ин давра шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 154 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 47 адад зиёд шудааст.
Номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, коркарди санг, дӯхтани либоси варзишӣ мисол шуда, онҳо ба 14 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони корхонаҳои истеҳсолии саноатии нав, асосан бо таҷҳизотҳои истифодаи нерӯи барқашон каммасраф муҷаҳҳаз гардида, фаъолияти онҳо бо технологияи муосир ба роҳ монда шуда истодаанд.
Дар ин давра барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкил-шуда зиёда аз 44,0 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шуда, 1000 адад ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар баробари пешравиҳо дар самти рушди соҳаи саноат муамоҳои ҳалталаб ҷой доранд. Дар ин давра 16,0 дарсади корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ба нишонди-ҳандаҳои ҳамин давраи соли 2013 нарасидаанд.
Дар ҳолати бо пуррагӣ фаъолият намудани ин коргоҳҳо, иловатан, ба маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ба буҷаи шаҳр зиёда аз 3,0 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ворид мегардид.
Аз ин лиҳоз, сабабу шароитҳои ба амал омада, аз ҷониби мутахассисону масъулин, ҳамаҷониба мавриди омӯзиш фаро гирифта, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шуда, он зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳр ба миқдори 585,8 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шуд. Маблағипардохтиумумии он 76,6 миллион сомонӣ, ё 96,2 фоиз, аз ҷумла аз тарафиаҳолӣ 31,9 миллион сомонӣ, ё 92,7 фоизроташкилменамояд.
Баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва бо мақсади пурра қонеъ гардонидани талаботҳои соҳаҳои иҷтимоию истеҳсолӣ бо нерӯи барқ, ҷиҳати мустақилияти энергетикӣ дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи инвеститсионии зеристгоҳи барқии «Нагорная» дар микроноҳияи 28 бо маблағи 7,5 миллион доллари амрикоӣ бо дастгирии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо амалӣ шуда истодааст.
Ғайр аз ин корхонаҳои саноатии шаҳр то имрӯз пурра ба истифодаи сӯзишвории алтернативӣ ва лампаҳои каммасраф фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи коммуникатсияи шаҳр дар ин давра тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 1400,4 ҳазор тонна бор ва 38,9 миллион нафар мусофирон кашонида шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 103,0 ва 107,7 фоизро ташкил медиҳад.
Қобили тазаккур аст, ки дар шаҳр ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркаш ва бо пуррагӣ таъмин намудани талаботи шаҳрвандон «Лоиҳа оид ба хариди нақлиёти мусофиркашони умум» таҳия ва пешниҳод гардида, он аз ҷониби Бонки рушди Аврупо дар марҳилаи баррасӣ ва дастгирӣ қарор дорад.
Дар рушди бемайлони иқтисо-диёти шаҳр ҳисси муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта ҳаҷми он дар ин давра ба 1 миллиарду 774,4 миллион сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 798,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи сол 2013, 8,3 ва 4,3 дар сад афзоиш ёфтааст.
Дар раванди рушди муносибатҳои иқтисодӣ муомилоти савдои беруна мавқеи хос дошта, нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи ҳисоботӣ 474,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 дар сад афзудааст. Дар муомилотисавдоиберунаҳиссаисодирот 99,6 миллион доллар, ҳиссаиворидотбошад 374,4 миллион долларроташкилмедиҳад.
Инчунин ба соҳаҳои алоқа, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ 34,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шуда, зиёда аз 22 лоиҳаҳои таҳиягардида дар мавриди баррасии сармоя-гузорон қарор дорад.
Баҳри самаранок истифода бурдани иншоотҳои давлатӣ ва ба иҷора додани он чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра бо тариқи музояда 105 шартномаҳо оид ба иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд ва аз ҳисоби ин шартномаҳо ба буҷети маҳаллӣ 626,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Натиҷаҳои ба дастомадаи нишон-диҳандаҳои иқтисодӣ ва чораҳои андешидашуда ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 108,1 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 106,9 фоиз таъмин гардид, ки он аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 17,9 миллион сомонӣ ва 6,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ ва ҳам маҳаллӣ таъмин шуда истода бошад ҳам, бақияи қарзи андоз ба санаи 1 декабри соли 2014 23,3 миллион сомониро ташкил дода, он нисбат ба аввали сол1,3 миллион сомонӣ кам шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, бо тағироташ 97,7 фоиз иҷро гардида, 75,0 миллион сомонӣ, яъне 83,0 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ) равона карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки барои босифат иҷро гардидани қисми даромади буҷети шаҳр, ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Ҷавонӣ”, “Таком”, “Каскади Хуҷанд”, “Имон-интернэшнл”, “Бонки Эсхата”, “Арван”, “Тоҷикпетролиум”, “Яхмоси 33”, “Файзи расул” ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Дар баробари ин баръакс ҷамъиятҳои саҳомии“Лаъл”, “Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ”, ““Пилла”,  Гранд”, “Амонов Маҳмудҷон”, “муассисаи Гимназияи забонҳо” дар назди буҷети шаҳр қарздор мондаанд.
Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаи маблағгузорӣ дар ҳаҷми 152,5 миллион сомонӣ корҳоро ба анҷом расониданд.
Умуман дар ин давра зиёда аз 90 адад иншоотҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои баландошёна, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошанд.
Дар шаҳр баҳри бунёд, эҳё ва таҷдиди майдончаҳою толорҳои варзишӣ дар минтақаҳои аҳолинишину маҳаллаҳо, аҳамияти хоса зоҳир гардида, то имрӯз 15 адад майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна ва 3 адад толори варзишӣ дар мактабҳои шаҳр сохта ба истифода дода шуданд.
Соли сипаригашта, ки соли ободонӣ ва гулкорӣ эълон гардида буд, дар шаҳр корҳои зиёд амалӣ гардонида шудааст. Дар натиҷа ба масоҳати 96,8 км роҳҳои кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла 43,7 км аз таъмири капиталӣ ва 53,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда, ҳамагӣ ба миқдори 2332,9 тонна асфалт хобонида шуд. Инчунин зиёда аз 2000 метри квадратии роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш карда шуда, ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ корҳои рангубори бардюрҳо, кашидани хатти уфуқӣ ва аломатгузории роҳҳо ба сомон расонида шудааст.
Дар давоми сол дар масофаи 12 км аз шоҳроҳи Б. Ғафуров – Хуҷанд то хиёбони И.Сомонӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 782 дона чароғакҳои светодиодии кам-масрафи замонавӣ насб карда шуда, 391 адад сутунҳо аз таъмир бароварда шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра дар хиёбонҳо ва қадди кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 3 миллион дона гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуданд. Умуман, барои ташкилоту муассисаҳои соҳаи коммуналӣ ҷиҳати ободонӣ ва хизматрасонӣ бо назардошти маблағгузории капиталӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ зиёда аз 9,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистонгузаронӣ 31240 метри квадратӣ бомҳои биноҳои баланошёна, 101 адад куттиҳои барқӣ ва 11 адад лифтҳо аз таъмир бароварда шуда, боми биноҳо 1926 метри квадратӣ шиферпӯш карда шуданд.
Инчунин барои зимистон-гузаронии ташкилотҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ зиёда аз 680 тонна ангишт захира карда шуданд.
Бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ангишт ва гази моеъ дар миқёси шаҳр 32 адад нуқтаи фурӯши ангишт амал карда, дар он 420 тонна захираи ангиштсанг мавҷуд мебошад. Ҳамчунин 21 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҳолати корӣ буда, захираи он 80 тоннаро ташкил медиҳад.
Илова бар ин барои таъмини бехатарии роҳҳои автомобилгард дар фасли зимистон тамоми маводҳои зарурии зиддилағҷишӣ пурра захира карда шудааст.
Дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ аҳолӣ тибқи татбиқи амалии “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Дар натиҷа музди маоши миёнаи кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар ҳолати 1 декабри соли 2014 973,9 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 14,2 фоиз, ё 121,1 сомонӣ зиёд шудааст.
Дар ин давра миқдори нафақахӯрон дар шаҳр 17075 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа 270,82 сомониро ташкил дод, ки  он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,4 фоиз афзудааст. Талаботи солонаи он бошад 55,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,8 миллион сомонӣ, ё ин, ки 16,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва пардохти нафақапулии шаҳрвандон пурра ва сари вақт таъмин гардидааст.
Дар шаҳр амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» идома дорад. Айни ҳол ҳамагӣ 5926 муроҷиати шаҳрвандон қабул шуда, 5480 парвандаҳо тариқи компютер ба сервер ворид карда шуда, аз он 5119 нафар ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шуданд. Маблағи умумии дар ин давра барои пардохти кӯмакпулӣ воридгардида 1742,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави шаҳр 12950 адад ҷои корӣ таъсис дода шуд, ки аз он 1314 ҷой ба корхонаҳо ва ташкилотҳо таалуқ дошта, 11636  нафар бо патент ва шаҳодатнома фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Давоми соли сипаригашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилон, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон аёдати зиёда аз 12,0 ҳазор нафар шахсони камбизоат, яккаву танҳо, ятимон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чернобилчиён ташкил карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока дастрас карда шуд. Инчунин барои оилаҳои камбизоати ниёзманд дар давраи зимистонгузаронӣ зиёда аз 30 тонна ангиштсанг ҷудо карда шуд.
Баҳри таъмин намудани хонаҳои пиронсолону бепарасторон, маъюбон, қисмҳои ҳарбӣ ва комендатураи ҳарбии дар шаҳр бо маводҳои хӯрока ва пӯшока мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008 ва Амри Раиси вилояти Суғд аз 15 августи соли 2011 ба ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии шаҳр сарпарастон вобаста карда шуда, аз ҷониби онҳо дар арафаи ҳар як иду айёмҳо кӯмакҳои моддӣ, молиявӣ расонида шуда, инчунин дастрахони идона ва консерҳо ороста мешавад.
Дар асоси дастуру ҳидояти Президенти кишвар ва дастгирии Раиси вилоят чун анъана бахшида ба иду ҷашнҳо дар шаҳр хатнасури хайриявии зиёда аз 300 нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дастгирии моддии оилаҳои ниёзманд дар майдони театри К.Хуҷандӣ, шафати майдони Ситораҳои Хуҷанд, майдони «Регистон»-и Панҷшанбе ва маҳаллаҳои 12, 20-уми шаҳри Хуҷанд зиёда аз 40 маротиба ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуда, зиёда аз 2,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи аз 10 то 20 фоиз  арзонтар аз нархи миёнаи бозор барои шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 44 нафар шахсони маъюб бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуда, барои  4 оилаҳои камбизоати нодор хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба 10 нафар масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд. Ғайр аз ин ба 2 оила барои таъмири хонаи истиқоматӣ кӯмаки молиявӣ ба маблағи 250,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Бояд зикр намуд, ки масъалаи дигари иҷтимоӣ, аз ҷумла, бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин намудани аҳолии ниёзманд низ зери назорати қатъӣ қарор дорад. То ин давр аз заминҳои навбунёди маҳаллаҳои 14 ва 15-уми шаҳр ба 503 оилаҳои эҳтиёҷманд ба ҳар кадоме 600 м2 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар оянда низ барои 4253 нафар шаҳрвандон, ки ба навбат гирифта шудаанд ҷиҳати таъмини эҳтиёҷи иҷтимоии онҳо барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Инчунин дар асоси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1021 аз 22 июни соли 1998 “Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарии замин” ба 1096 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд, ки аз он 897 адад ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 199 зери сохтмон ва дигар эҳтиёҷотҳо ба ҳисоб меравад.
Дар давраи сипаригашта ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустӣ корҳои судманд ба анҷом расонида шудааст, ки он барои ҳадафҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Дар ин марҳила барои корҳои таъмирӣ дарБеморхонаи клини-кавии шаҳрии №1 ва №2 зиёда аз 864,0 ҳазор сомонӣ ҷудо ва азхуд карда шудааст.
Барои оғоз намудани сохтмони бинои нави табобатии барои 60 кати беморӣ дар беморхонаи касалиҳои сирояткунанда барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ 300,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Умуман барои корҳои таъмирии ин соҳа зиёда аз 1,3 миллион сомон ҷудо гардидаанд.
Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр 34084 нафар хонандагон ва 8406 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок намуда, ба гирифтани 27 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Умуман, хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 20 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд, аз ҷумла соҳиби 6 медали тилло, 6 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардида, 29 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр сарфароз гардиданд.
Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 23 нафар соҳиби ҷойи аввал, 2 нафарашон ҷойи дуюм ва 13 нафар ба мақоми аз ин ҳам баланд – 3 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 10 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.
Дар чор Маркази миллии тестӣ мактабҳои №5, 19, гимназияҳои №4, 24 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои насби камераҳои мушоҳидавӣ 60,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Бо мақсади таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷаи муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 837,5 ҳазор сомонӣ,инчунин аз ҳисоби суратҳисоби махсус ва сарпарастон барои хариди 15 адад компютер, 9 адад телевизор, 4 адад кондитсионер, 436 дона ҷевонҳо, 504 адад рахти хоб, 532 адад мизу 829 адад курсӣ барои кӯдакон ва омӯзгорон,7адад камераи мушоҳидавӣ  ва 4 адад DVD маблағ ҷудо карда шудааст.
Дар назди мактаби хусусии «Иршод» кӯдакистони «Раҳнамо» барои 120 нафар бо харҷи 1 миллиону 48 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, дар маҳаллаи Темурмалик аз ҳисоби буҷети шаҳр таъмир ва барқарорсози кӯдакистони аз фаъолият бозмонда барои 250 нафар оғоз гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Дар ин давра боми кӯдакистонҳои №6,38,40 ба маблағи умумии 667,1 ҳазор сомонӣ шиферпӯш карда шуд.
Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва қисман падару модарон, утоқҳои чор гуруҳҳои аз фаъолият бозмонда аз таъмири куллӣ бароварда шуда, 54 гуруҳҳо дар кӯдакистонҳо барқарор карда шуданд.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 29 нафар хонандагони ятими кул ва 541 нафар бепадар, 323 нафар бемодар, 181 нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат таҳсил менамоянд, ки дар арафаи иду айём ба ин хонандагон пайваста маводи ғизоӣ, либосворӣ ва лавозимоти хониш кӯмак карда мешавад. Дар аксарияти мактабҳои шаҳри Хуҷанд барои хонандагони ятими кулл хӯроки гарм ройгон ташкил карда шудааст.
Бо мақсади таъмини дастрасии занон ва духтарон ба корҳои хонагӣ, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ қолинбофӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, грантҳои Раиси вилоят ва Раиси шаҳр таъсис дода шуда, айни ҳол 2 нафар занони ҳунарманди шаҳр ба гирифтани Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар Гранти Раиси вилоят ва 15 нафар Гранти Раиси шаҳр мушарраф гардида, фаъолияти хешро идома дода истодаанд.
Дар давоми сол дар шаҳри Хуҷанд 235 чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ аз ҷумла бахшида ба 20-солагии Суруди миллӣ, таҷлили 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯзи Рамзи шаҳр, Рўзи забони давлатӣ ва 20-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонва ғайраҳо  гузаронида шуд, ки дар он қариб 160 ҳазор нафар тамошобинон иштирок намуданд.
Дар ин давра 4026 адад маъракаҳо тибқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба қайд гирифта шуд.
Баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқаррар-гардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1987-1996 ба хизмати ҳарбӣ» даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин радиф корҳои амалигардида аз он шаҳодат медиҳад, ки нақшаи даъват ба қувваҳои мусаллаҳ барзиёд ва саривақт таъмин гардиданд.
Дар давоми соли 2014, 6055 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 870адад зиёд мебошад. Аз ҷониби Раиси шаҳр муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 1078 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.
Муроҷиаткунандагон асосан дар масъалаи таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмин намудан бо масолеҳи сохтмонӣ, мусоидат ҷиҳати ҷойгир намудани кўдакон ба боѓчаи бачагона, сафари ҳаҷ, мумфарши кўчаҳо, гирифтани муолиҷаи ройгон, расонидани кўмаки моддӣ ва молиявӣ ба роҳбарияти шаҳр дархост намудаанд, ки ҳамаи онҳо сари вақт баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд.
Дар самти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба иҷро расонидани барномаҳои давлатӣ доир ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодаанд. Дар натиҷа содиршавии ғоратгарӣ 11 адад, ё 52,4 дар сад, роҳзанӣ 5 адад, ё 83,3  дар сад, одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба он 7 адад, ё 70,0 дар сад кам ба қайд гирифта шуда, инчунин ошкоршавии ҷиноятҳои вобаста ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ 2 адад зиёд шудааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...

Youtube