02 Ноябр 2024
Дар толори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30 солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024-“Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳамоиш бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мақомоти прокуратураи вилоят ва шаҳр баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, прокурори калони бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Зафар Қаюмзода, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Алиҷон Нурматзода, директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд Носир Ғафурзода ва дигарон баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки
30 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории миллии мо, ҳодисаи муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст ва мардуми шарифи Тоҷикистон санади сарнавиштсози давлату миллат, бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд. Қабули Конститутсия бори дигар соҳиби ақлу хиради азалӣ ва мардуми тамаддунофар будани халқи тоҷикро собит намуд, ки он дар давраи басо ҳассоси таърихӣ ҳамагон атрофи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо қабули бахтномаи миллат, тақдир ва сарнавишт, бақои давлат ва миллати худро таъмин намуданд.
Қабули чунин санади тақдирсоз дар солҳои ба ҳамагон маълум бисёр муҳим ва амали саривақтӣ буд, зеро Конститутсия бояд пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян мекард. Дар он айёми буҳрониву ноором мо бояд шакли давлатдорӣ ва роҳи минбаъдаи рушду такомули онро интихоб мекардем.
Зикр гардид, ки Қонун дар мафҳуми умумӣ ба тамоми илмҳо хос буда, маҳсули дастоварди ақлонии инсонӣ мебошад. Яке аз меъёрҳои муҳимме, ки илмҳоро дар ҷаҳони муосир аз ҳам ҷудо ё тасниф месозад ва ҳамчун илм омӯхта мешавад, ин кашфи қонун ҳам дар самти илмҳои табиию риёзӣ ва ҳам дар илмҳои гуманитарӣ мебошад. Маҳз қонунҳо дар илмҳои гуманитарӣ меъёрҳое мебошанд, ки танзимгари тамоми муносибатҳои ҷомеа мебошанд ва маҳсули ташаккули таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб гаштаанд. Конститутсия ҳамчун меъёр ё муқаррароти умумӣ маҷмуи ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон дар назди ҳамдигарӣ буда, худмуайянкунӣ ё ҳудуди худшиносии инсонро таъйин менамояд. Маҳз Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шинохти уҳдадориҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткориро дар ҳама сатҳҳо тақвият мебахшад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд