02 Ноябр 2024
Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас нисбатан аз бозор арзон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.
Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка фаровонии маҳсулот ба мушоҳида мерасид. Нархи 5 литр 65 сомонӣ, як дона тухм 1 сомонӣ, 50 кило орд 220 сомонӣ, як кило макарон 9 сомонӣ, як кило шакар 8 сомонӣ, як кило биринҷ 13 сомонӣ, як кило мош 14 сомонӣ, як кило лимӯ 10 сомонӣ, як кило шалғам 3 сомонӣ, як кило картошка 3 сомонию 30 дирам, як кило пиёз 1 сомонию 40 дирам, як кило гӯшт 60 сомонӣ нарх доштанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъана даромадааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд