01 Ноябр 2024
Имрӯз дар толори гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бахшида 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ва собиқадори хизмати давлатӣ ва ҳизбӣ Муҳаббат Маҷидзода доир ба аҳамият қабули қонуни асосӣ ва мазмуну моҳияти он маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид шуд, ки Қабули чунин санади тақдирсоз дар солҳои ба ҳамагон маълум бисёр муҳим ва амали саривақтӣ буд, зеро Конститутсия бояд пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян мекард. Дар он айёми буҳрониву ноором мо бояд шакли давлатдорӣ ва роҳи минбаъдаи рушду такомули онро интихоб мекардем.
Конститутсия-худ калимаи лотинӣ буда маънои “муайян намудан”, “муқаррар кардан”-ро дошта, қонуни асосӣ, сарқонун (ё маҷмӯи қонунҳои моҳиятан муҳим)-и давлат аст, ки нерӯи волои ҳуқуқиро доро буда, низоми сиёсӣ ва иқтисодии онро танзим намуда, принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маъмурӣ, суд, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар менамояд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълон шуда, аввалин маротиба дар моддаи 5-и он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахолатнопазир буда, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд