(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt1 ноябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик” иштирок намуд.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардида, дар он шумораи зиёди олимону донишмандони дохилу хориҷи мамлакат, ҳаводорони шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ нахуст меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати беш аз се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб мегузоранд.
-Имрўз аз он ифтихормандем, ки дар замони истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлату Ҳукумат хизматҳои аҳли илму адаб пайваста арҷгузорӣ гардида, бо баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию адабӣ мақому ҷойгоҳи онҳо мавриди қадршиносии бештар қарор мегирад.
Чунонки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” таъкид намудаанд, “мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавӣ доранд, ки бо фарзандони фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намоянд, осори гаронбаҳои онҳоро омўзанд ва ҳикмати ҷовидонаи абармардони миллии худро кутбнамои рўзгори хеш қарор диҳанд”.
Зеро ормонҳои волои истиқлол, меҳанпарастиву башардӯстӣ, озодфикриву озодманишӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, хайрхоҳиву таҳаммулгароӣ, ваҳдату дӯстӣ, хулоса ахлоқи ҳамидаву фазилатҳои неки инсонӣ мероси бегазанди тамоми ниёгони бузурги мо аст, ки мардуми тоҷик ва аҳли оламро ба сӯи ояндаи нек ва рӯзгори пурсаодат ҳидоят менамояд, — таъкид кард роҳбари вилоят.
Қайд карда шуд, ки конференсияи байналмилалии “Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик” ба фаъолияти адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бахшида шудааст. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз зумраи адибони номваре ҳастанд, ки офаридаҳоя таҷассумгари андеша, ҷавҳар ва фитрати миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ғояи ватанхоҳӣ нақши муҳим доранд. Сабк ва услуби баёни нотакрори Фарзона навоварона буда, пешорӯи суханварон уфуқҳои тозаро мекушоянд.
Фарзона бо эҷоди ашъори баландмазмун, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ шеъри моро ҷилои тоза бахшида, кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти муосири тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Маҷмуаҳои ашъори шоир бо номҳои “Барги сабз”, «Тулўи хандарез» «Шабохуни барқ”, «Ояти ишқ», «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Қатрае аз Мўлиён», «Як ғунча роз», «Муҳри гули мино», «Сад барги ғазал», «Саду як ғазал», «Себарга», «Парниёни ҷон», «Ҳама гул, ҳама тарона» ва девони ғазалҳо, “Найшакар”, “Найсон”, “Ношири баҳор”, “Арғунуни офтоб”, “Модарнома” ва чандин китобҳои дигар бо накҳати атрбор зиндагии моро доим муаттару зебо месозанд.
Боиси ифтихор аст, ки осори Фарзона на танҳо дар Тоҷикистони азизамон, балки дар кишварҳои Россия, Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Белорус, Ўзбекистон, Қирғизистон интишор ёфта, соли 2018 маҷмуаи ашъори шоир дар Эрон ва Афғонистон ба ҷоизаи “Шеъри сол” сазовор гардиданд.
Хизматҳои беназири Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик аз ҷониби давлату Ҳукумат, бахусус дастгирию таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Шараф”, унвони Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қадр гардидааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ саҳифаҳои ҷадидеро дар шинохти паҳлӯҳои ношинохтаи осору афкори шоира Фарзона боз хоҳад намуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия ҳамзамон як қатор олимону донишмандон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва шоирон, аҳли ҳунар доир ба палҳуҳои гуногуни эҷодиёти Фарзона ибрози андеша намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...