(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардид.
Мо хуб дарк мекунем, ки маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат беҳтарин ва самарабахштарин сармоягузорӣ мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои як миллиону 600 ҳазор хонанда анҷом дода шуд. Дар натиҷа қисми зиёди мактабҳои аз замони гузашта боқимонда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ гардонида, ба мактабҳои замонавӣ табдил дода шуданд, мактабҳои навбунёд бо беҳтарин шароиту имкониятҳо таъмин гардиданд ва ин кор ҳоло бомаром пеш рафта истодааст. Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда бомаром ҷараён дорад, ки то охири соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад. Аммо корҳои то имрӯз амалигардида, бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд ва моро зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшем.
Илова бар ин, ҳанӯз дар кишвар 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад ва дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон дар се баст таълим мегиранд. Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бартараф кардани масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои мушаххас ва фаврӣ андешида шаванд.Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, яъне барои наврасону ҷавонон беш аз 11 ҳазор иншооти варзиш бунёд карда шуд.
Зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, ки таҳсил дар синфҳои 5-ум то 9-умро дар бар мегирад, яке аз марҳалаҳои муҳимтарин дар низоми таҳсилоти кишвар мебошад.
Имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991 – 1992-юм 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Агар соли ҷорӣ 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда бошад, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудааст.
Яъне мо бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 380 мактаб бунёд намоем.
Дар кишвар соли таҳсили 1991 – 1992-юм 3229 мактаб бо фарогирии 1 миллиону 325 ҳазор хонанда фаъолият дошт.
Имрӯз беш аз 4000 мактаб ва 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда дорем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз ҳазор мактаби мавҷударо азнавсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем.
Илова бар ин, имрӯз дар кишвар 163 муассисаи типи нав, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо муассисаҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдшуда мебошанд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз 3-юми марти соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд, ки дар зарфи 18 соли гузашта вазифаҳои худро асосан иҷро кард.
Имрӯз бо дарназардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон зарурати ворид намудани тағйирот ба консепсияи мазкур ва мукаммал намудани он ба миён омадааст.
Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, марказҳои тадқиқоти стратегӣ, қонунгузорӣ, исломшиносӣ ва Иттифоқи нависандагон санади мазкурро дар муддати шаш моҳ дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад.
Аз ин лиҳоз, ин масъала зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот 20-уми марти соли 2024 «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028» қабул гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...