(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки устодон, кормандон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2022 баргузор гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ оид ба таъминоти кадрӣ, банақшагирӣ ва раванди таълим, ҳаракати донишҷӯён, аттестатсияи хатм, иҷрои лоиҳаҳои буҷетӣ ва маблағгузории онҳо дар панҷ соли охир, нишондиҳандаҳои фаъолнокии илмии донишкада, таҳлили вазъи сарбории устодон, нашри китобҳои дарсӣ, монография ва мақолаҳои илмӣ, самараи баргузории конфронсҳои илмӣ, дастовардҳои устодон ва донишҷӯён дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, натиҷагирӣ аз олимпиадаи ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти китобхонаи донишкада, заминаи моддию техникии донишкада, раванди ободонию созандагӣ, робитаҳои хориҷӣ баромади таҳлилӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки миқдори озмоишгоҳҳо дар Донишкада аз соли 2016 то ин ҷониб ба маротиб зиёд гашта, аз 25 адад ба 48 адад расонида шудааст. Танҳо дар соли 2022 8 озмоишгоҳҳои нав – спектрометрия, озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон,озмоишгоҳи технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омма, озмоишгоҳи бехатарии маҳсулоти хӯроки омма, экологияи саноатӣ, озмоишгоҳи “Масолеҳшиносии нассоҷӣ”, озмоишгоҳи “Низоми автоматикунонии лоиҳакашии либос”, озмоишгоҳи “DigEco Laboratory”, таълимӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, барои истифодабарӣ супорида шудааст.

Миқдори компютерҳо дар соли 2022 ба 1431 адад расонида шудааст, ки ба ҳар 2,3 нафар як компютерӣ рост меояд. Соли 2022 аз тарафи омӯзгорони донишкада дастурҳои таълимӣ ва методӣ 1200 нусха (24 номгӯй) ба китобхонаи донишкада ворид шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 423 адад зиёд мебошад. Устодон ва шогирдони донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” фаъолона ширкат варзида, ду сол пайиҳам соҳиби 6 ҷойҳои ифтихории дуюм, сеюм ва чорумро ба даст меоранд.

Директори донишкада баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, боз ҳам бештар гардидани дастовардҳои донишкадаро дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар, худомӯзӣ, навоварӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносии устодон, иҷрои ҳатмии Барномаҳои давлатӣ, самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳо, кор бо донишҷӯёни лаёқатманд дида, аз устодон даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст ”, “Илм фурӯғӣ маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” бештар фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Дар қисмати дуюми кори ҷаласаи ҷамъбастӣ бо истифода аз таътили зимистонаи донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани ҷараёни таълиму тарбия бо пешниҳоди Раёсати донишкада 16 лоиҳаҳои даставӣ бо иштироки омӯзгорон ва зерсохторҳои Донишкада аз қабили лоиҳаҳои таҳияи механизми ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандони МТОК, тартиби ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои ихтисосҳои техникиву технологӣ дар МТОК, технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо дар назди факултетҳои МТОК: меъёрҳо ва механизмҳои ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии иштирок дар ташкил ва фаъолият, Ташкил ва гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳо дар сатҳи факултетҳои МТОК: хелҳои омодагӣ ва тартиби гузаронидан, механизмҳои ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва донишҷӯён, усулҳои муосири таълим дар МТОК: хелҳои дарсу машғулият, роҳҳои самаранок ва интерактив намудани онҳо, ҳавасмандгардонии иштироки фаъоли донишҷӯён дар он, таҳсилоти фосилавӣ ва равандҳои кории он дар МТОК: истифодаи технологияҳо, захираҳои иттилоотӣ ва механизмҳои ҷорикунии таҳсилоти ҳамгиро, сифати муҳити кор, таҳсил ва таълим аз ҷониби устодони кафедраҳо то санаи 25 феврал мавриди коркард қарор дода шуда, ҳимояи ниҳоии лоиҳаҳо ба санаи 5 июни соли равон муқарар карда шуд.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо тасдиқи пешниҳоду қарорҳо ба кори худ анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...