02 Декабрь 2022
Недоступен ни однин перевод.
Бо ибтикороти бахши суғдии Иттифоки нависандагони Тоҷикистон ва дастгирии молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад китоби арзишманди илмӣ, публитсистӣ-таърихӣ таҳти унвони: «Сарвар, Президент, Пешво» ва «Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат» рўйи чоп омад.
Дар китобҳои мазкур аз ҷониби сиёсатмадорон, вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, муҳаққиқон, шоиру нависандагон, журналистон ва дигарон дар бораи хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушду тараққиёти кишвар, нақши иҷлосияи таърихӣ дар сарнавишти миллат, дастовардҳои даврони Истиқлол ва ғайраҳо мақолаву ёддошт ва шеърҳо навишта шудаанд.
Китобҳои мазкур бо сифати баланд дар нашриётҳои “Ношир” ва “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба нашр расидаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд