(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ғаффор Ҷабборӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳритус субвенсионӣ буда, ҳар сол зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 миллиону 669 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шуд, ки 103, 6 фоизи нақшаи андозро ташкил менамояд.
Давоми 6 моҳи соли 2022 мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 аз 94 лоиҳаи пешбинишуда 38 лоиҳа ба маблағи 54 миллиону 419 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, ки 36 фоизи нақша мебошад. Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 2, 3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 6 моҳи аввали соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 миллиону 657 ҳазор сомониро ташкил дод.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 6350 тонна буда, иҷроиш 6398 тонна ё ин ки 102,8 фоиз иҷро гардидааст.
Ҳачми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 миллиону 885 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки фаъолиятро оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур намоянд, оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд, ба истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти маишию варзишӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ба масъалаи беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Сарвари давлат ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 4 моҳ муҳлат додаанд.
Сипас, дар кори маҷлис масъала Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади сифатнок ва сари вақт таҳия намудани дурнамои нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 июни соли 2023 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2025-2026 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукуати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Дар бораи Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...