(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар собиқадори меҳнат, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд рафта, онҳоро аёдат намуда, ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Зимни аёдати Баҳриддин Ахмедов зикр шуд, ки мавсуф баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ гардида, ӯро 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи якуми Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурд. Баҳриддин Ахмедов дар муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошт. Маҳз бо заҳмату кўшишҳои Баҳриддин Ахмедов ба ҳайси котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузашт. Баҳриддин Ахмедов ҳанӯз дар замони ҷавониаш дар вазифаҳои дастурдеҳи Кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ашт, котиби ҳизби Комунистии хоҷагии ба номи Тӯйчӣ Эрҷигитов фаъолият намудааст. Соли 1968 муовини раиси комиҷроияи Шўрои депутатҳои ноҳияи Ашт интихоб гардидааст.

Зикр гардид, ки Ватан хизматҳои хоксоронаи ин абармардро қадр кардааст. Баҳриддин Ахмедов барои хизматҳои шоёнашон бо 2 ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бахшида ба 60-солагии ташкили вилояти Ленинобод бо ордени “Дўстӣ”, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо сарфароз гардидааст.

Ҳангоми дидорбинӣ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Хоҷазод таъкид шуд, ки мавсуф бо азму иродаи қавии эҷодӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, тарғиби беҳтарин анъанаҳои насрнависӣ ва сохтмонҳои бузурги аср – Нерўгоҳҳои обии барқии «Норак», «Сангтўда» ва «Роғун», баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардум, тарбияву камолоти насли ояндасоз нақши бориз ва арзанда гузоштаанд. Асарҳои пурмазмун ва ҷолибу тозаэҷоди устод Муҳиддин Хоҷазод ҷанбаъҳои муҳими созандагӣ ва бунёдкории фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи меҳнатӣ ва дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолиятро тараннум намуда, онҳо дар дили ҳазорҳо нафар хонандагони осори нотакрорашон маъво гирифтаанд.

Нақшу эътибори омўзгорон дар ҳама давру замон дар меҳрвари сиёсати Роҳбарияти Давлату Ҳукумат қарор дорад. Раҳимҷон Каримов аз зумраи омўзгорони пешқадам ва навоари замони худ буд, ки тўли 45 сол пешаи муаллимӣ дошта, имрўз даври пирӣ меронад. Ва шукронаи амну осоиштагӣ ва таҳкими Ваҳдати миллиро менамояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо собиқадорони соҳа ва Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд онҳоро бо ҷашни 25 солагии Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело рамзӣ мебошад, зеро Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳамчун руйдоди сарнавиштсоз натанҳо ба хотима ёфтани мухолифатҳои мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, балки ба таъмин гардидани сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд. Дар амал татбиқ гардидани қарорҳои ин иҷлосияи воқеан таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ва ризоияти миллӣ пойдор гардида, рукнҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барқарор шаванд. Ҳаёт низ собит месозад, ки дар амал татбиқ гардидани ҳама гуна орзую омол ва нақшаву ниятҳои нек, аз ҷумла рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз нақшу эътибор ва хизматҳои эшон дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки ба туфайли меҳнати шоёну назаррас эшон имрўз шўҳратёр ва азизи дилу дидаи мардум гардидаанд.

Аёдатшудагон барои таваҷҷух, дастгирии пайваста ва таманниёти нек ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...