(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ба кори худ оғоз намуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд вакилон, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, корхонаҳои саноатӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.

Ҳамчунин дар кори иҷлосияи муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок дорад.

Баъди тасдиқи котиботи иҷлосия ва рузномаи он масъалаи якуми ҷаласа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди ин соҳа дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии вазъи устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Аз лиҳози муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар айни замон аз ҷониби Пешвои миллат масъалаи саноатикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба мақоми аввал гузошта шудааст. Амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръати кишвар бомаром идома дошта, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.

Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калони саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда ҳиссаи арзанда мегузорад.

Баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҷумҳуриявӣ ва қарори Раиси вилоят, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 19 августи соли 2020, № 347 “Дар бораи амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” иборат аз 30 банди нақшавӣ қабул гардидааст.

Дар доираи иҷрои Барнома ва баҳри таъмини талаботи нақша-чорабинии шаҳрӣ, инчунин барои тақвияти иқтидори ин соҳа, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр дар солҳои 2020 ба 165 адад, 2021 ба 174 ва 5 моҳи соли ҷорӣ ба 177 адад расидааст, ки шумораи он сол аз сол зиёд шуда истодааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми соли 2020-ум 1492,7 млн. сомонӣ, соли 2021-ум 1508,9 млн. сомонӣ ва 5 моҳи соли 2022-юм 562,0 млн. сомониро ташкил додааст, ки он нисбат ба маҷмўи маҳсулоти шаҳрӣ аз 24,0 то ба 29,0 фоиз боло рафтааст.

Таъкид гардид, ки дар ин давра дар шаҳр номгўи маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ 35 намуд зиёд шуда, 135 намудро ташкил медиҳад ва дар навбати худ ба кам шудани маҳсулотҳои воридотшаванда боис мегардад. Барои зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва ташкили коргоҳҳои нав, яъне соҳибкории хурду миёна мо бояд мутахассисони болаёқат дошта бошем. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд дараҷаи маърифатнокии худро баланд бардошта, талаботҳоеро, ки дар бозори меҳнати байналмилалии дохилӣ ҳастанд, риоя намоянд. Агар ҷавонон соҳибкасб шаванд, онҳо метавонанд дар баробари ворид намудани технологияҳои инноватсионии пешқадам онро самаранок истифода баранд.

Зикр шуд, ки саноатикунони босуръати кишвар пеш аз ҳама ба мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникӣ вобаста аст. Барои ин лозим аст, заминаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ мустаҳкам карда шаванд. Бо ин мақсад бояд кадрҳои илмӣ-педагогии техникӣ дар хориҷи кишвар низ тайёр карда шаванд. Ҷалби бештари сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои омодакунии кадрҳои илмию педагогии техникӣ, таъсиси корхонаҳои хурд ва миёнаи саноатӣ низ барои расидан ба ин ҳадаф таъсири мусбат мерасонад. Афзудани коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти кишвар беҳ мегардад. Ҷоиз ба қайд аст, ки имрўз саноатчиёни шаҳр мекўшанд, сифати маҳсулоти истеҳсолии худро беҳтар гардонида, содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ афзун созанд. Дар ин замина нақши соҳибкорон низ назаррас буда, имконияти хуб барои истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти баландсифату рақобатпазир мебошад. Ин аст, ки дар самти содироти маҳсулоти саноатӣ коргоҳҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур аз тарафи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода доир ба раванди татбиқи барнома, зиёд намудани иқтидори истеҳсоли соҳаи саноат, ҳолати бақияи маҳсулоти истеҳсолшуда, иҷрои ўҳдадориҳои корхонаҳои саноатӣ, таъмини истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ, аз ҷумла ба кор даровардани корхонаҳои мавсимӣ ва ғайраҳо пурсиш ба амла оварда шуд.

Дар музокираи масъала аъзои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дўстии халқҳо, №24– Иброҳим Ғафуров баромад намуда, андешаҳояшро иброз дошт.

Зимни баррасии масъалаи дуюми рўзнома «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ» раиси комиссияи мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Сайҳун, № 27 Абдуаҳад Ҳакимӣ ҳисобот дод.

Сипас вакилон «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб, № 11 Муҳиба Ҷабороваро оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ» шуниданд.

Вакилон «Дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ №10” қарор қабул намуда, ҳамзамон «Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, №10» ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия вакилон масоили марбут ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромади буҷети шаҳр барои соли 2022,дар бораи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳоро баъди баррасӣ қарорҳои дахлдор бароварданд.

Прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода доир ба масоили рӯзмарра, аз ҷумла пешгирии содиршавии ҳодисаҳои нохуш ва ҷинояткорӣ дар назди вакилон баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои хешро ироа намуд.

Дар кори иҷлосия Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба масоили баррасишуда баён дошт. Аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯз арои пешрафти соҳаи саноат таъсиси Шӯрои саноатчиён ва соҳибкорони шаҳр ба миён омадааст, то ин ки мушкилоти соҳа бо иштироки собиқадорон ва пешқадамон бо иштироки масъулини шаҳрдорӣ ҳаллу баррасӣ гардад.

Сипас, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба кори иҷлосия ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсолаашон аз 21 декабри соли 2021 қайд карданд, ки “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерўи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад”.

Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.

Бинобар ин бояд ҳар яки мо ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва саноатикунонии босуръати кишвар аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандўстона гузорем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, тамоми саъю талоши ватандўстонаамонро дар самти татбиқи иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободиву созандагии Ватан баҳри истиқболи 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ сафарбар намоем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...