(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа ифтихори Рӯзи илми тоҷик дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон, муҳаққиқони ҷавон, докторантон ва донишҷӯёни соҳибистедод конференсияи илмӣ амалӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов оғоз намуда, номаи муборакбодии директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли нишаст расонд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки тарбияи маънавии ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, бедор намудани шавқ ва завқи онҳо нисбати фанҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Сарвари давлат дар ин ҷода таъкид медоранд, ки “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода бурда мешавад. Таъсиси лабораторияҳои муҷаҳҳази замонавӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияяти парки технологӣ, дар сатҳи баланд доир шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, ширкати фаъолона дар озмунҳои Ҷоизаҳои давлатӣ дар риштаи илмҳои дақиқ, ба номи Султон Умаров, “Ихтироъкорон”, фаъолият намудани беш аз 30 маҳфилҳо дар донишкада бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

Дар идомаи кори конференсия ҳозирин маърузаҳои илмии сардори раёсати идораи рақамии донишкада доктор (PhD) Низомитдинов А.А. дар мавзӯи “Перспективные направления использования искусственного интеллекта в разных сферах”, докторанти курси 2-юм Осимӣ Турсунова Ш.Т. дар мавзӯи “Рушди нерӯи инсонӣ заминаи асосии саноатикунонии босуръати кишвар”, докторанти курси 3-юм Дадобоева Н.А. дар мавзӯи “Хусусиятҳои тарроҳии либоси махсуси кормандони тиб бо назардошти талаботи эргономикӣ”, омӯзгори калони кафедраи молия ва қарз Оқилҷонова Ш.Ю. дар мавзӯи “Вопросы стратегического планирования инвестиционного развития в региональной экономике”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 400101 ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Ниёзбадалов А. дар мавзӯи “Использование моделей Gensim для анализа таджикского текста: модель Word 2 Vec”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 400101 ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Ниёзбадалов А. дар мавзӯи “Использование моделей Gensim для анализа таджикского текста: модель Word 2 Vec” ва донишҷӯи курси 3 ихтисоси 570101 Маҳмудова Ф. дар мавзӯи “Оценка влияния погодных условий на урожайность сельскохозяйственных культур”- ро шуниданд.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои “Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ”, “Рушди соҳаҳои саноати хӯрока, саноати сабук ва кишоварзӣ дар партави саноатикунонии кишвар (саноати сабук)”, “Рушди соҳаҳои саноати хӯрока, саноати сабук ва кишоварзӣ дар партави саноатикунонии кишвар (саноати хӯрока ва кишоварзӣ)”, “Нақши сохтмон ва нақлиёт дар саноатикунонии кишвар”, “Нақши илмҳои риёзию табиатшиносӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ” 48 маърӯзҳои илмӣ шунида шуд.

Бояд қайд намуд, ки конфронси мазкур бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2022 – 2026 эълон шудани “Солҳои рушди саноат” баргузор ва интизор меравад, ки маърӯзаҳои беҳтарин муайян ва қдаршиносӣ мегарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...