(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар доираи тадбирҳои даҳаи илм бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар муассисаи таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикороти маъмурияти ин муассисаи таълимӣ хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи донои китоб аст", " Илм фуруғи маърифат", Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар олимпиадаҳои байналмилалии "FISO" давлати Амрико, "iSTEM" Олмон, "TEENEAGLE" Англия ва "COPERNICUS" давлати Амрико иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин дар доираи ин тадбир волидайне, ки хонандагонашон дар озмунхои байналмиллали ғолибиятро ба даст оварданд аз чониби директори муассиса Сурайё Неъматова бо Ифтихорнома ва аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо туҳфаҳои хотираи сарфароз гардонида шуданд.

Дар чорабинӣ намояндаи Раёсати маориф вилояти Суғд Бахтиёр Сарҳадов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ва ҷомеъаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоҷон Мирзобоев, волидайни хонандагон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ иштирок доштанд. Таъкид гардид, ки илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илм заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои дахлдор ва барномаву консепсияҳо дар соҳаи илм қабул шуданд, ки ба тавсеаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ бахшида ба Рӯзи илмӣ тоҷик таъкид намуда буданд: "Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва марказҳои иттилоотиву техникӣ таъсис ёфта, ҷиҳати ба корҳои илмиву пажўҳишӣ машғул шудани олимону донишҷўён заминаи мусоид фароҳам оварда шудаст.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Руссия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 401 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Ин дастовард дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозишуда дар маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ буд, ки хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд. Бо ибтикороти тозаи маъмурияти муассисаи таълимӣ таваҷҷӯҳи хосса ва махсус ба омўзиши забони англисӣ бо мақсади омўзиши амиқи он равона карда шуда, дар ин самт бо барномаҳои махсуси таълимӣ ва дастурҳо таълимӣ ба хонандагон забони хориҷӣ таълим дода мешавад, ки самараи хуб ба бор оварда истодааст.

Ҳамчунин хонандагони муассиса дар ин соли таҳсил грантҳои омӯзиширо дар донишгоҳои бонуфузи ҷаҳони бадаст оварданд, чанде қабл хонандаи Литсей Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза — гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ дар 8 Донишгоҳи кишвари Амрико ва Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров дар озмунҳои навбатии донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария ғолиб шуда, соҳиби 300 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ гардиданд.Моҳи декабри соли 2021 се нафар хонандагони ин Литсей- Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза- 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ шуда истодаанд. Маъмурияти МТД МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд хотири ҳифзу ҳимояи давлатдории миллӣ ва таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши бештар намуда ва дар оянда низ дар пешрафти илми тоҷик, баҳри рушди фанҳои дақиқ табии риёзӣ насли наврасро барои таълиму тарбия намуданд ҳисса гузор ҳастанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...