01 Сентябр 2014
Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар интиҳои сол дархости сокинон қонеъ карда шуда, корҳои таъмиру азнавсозии боғчаи мазкур, ки таи 20 соли охир аз фаъолият бозмонда буд, оғоз гардид.
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз рафти корҳои азнавсозӣ ва таъмир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба боғчаи мазкур омад. Барои комилан мавриди истифода қарор додани ин муассисаи томактабӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ сарф хоҳад шуд. Ҳоло сохтмончиёни Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ корҳоро ба анҷом расонда, корҳои таъмиру тармим бо маром идома дорад.
Баъди ба истифода додани кӯдакистон 300 нафар фарзандони сокинони ин маҳал дар ин ҷо таълиму тарбия мегиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба таъмиргарон дастур дод, ки корҳои таъмирро вусъат бахшида бо истифода аз ҳавои мусоид қисмати корҳои асосии берунаро ба анҷом расонанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бо истифрда аз шароити иншооти мазкур боғчаи мазкур қабули миқдори кӯдаконро то ба 500 нафар бояд расонад.