(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакилони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо ширкат намуданд.

Нахуст вакилон масъалаҳои баррасишавандаи рўзномаи иҷлосияи тасдиқ намуданд.

Аз рўи масъалаи якуми рўзнома Ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар 11 моҳи соли ҷорӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бармеояд, инчунин тибқи иҷрои нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои муассир андешида истодааст. Боиси тазаккур аст, ки соли ҷорӣ барои кулли сокинон ҳамчун соли таърихию хотирмон ба ҳисоб рафта, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷода, меҳнаткашони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, давраи ҳисоботиро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ карданд.

Сипас вакилон рафти иҷрои қарор Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ғро баррасӣ намуданд. Фирўза Нуруллозода, вакили шаҳрӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин бораи маълуомти муфассал ироа намуда, иттилоъ дод, ки дар шаҳр як силсила иқдомҳои муҳим арс амти баланд бардоштаним ақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модар кудак амалӣ гаронида шуданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Қалъаи Хуҷанд”, № 17 Адиба Мамадова дар музокираи масъалаи мазкур иштирок намуд.

Дар ҷараёни иҷлояи масъалаи ворид намудани тағироту иловаҳо ба буҷети соли 2021 ва дар бораи қабули буҷети соли 2022 мавриди баррасии васеъ қарор доданд. Сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонзода маърўза намуд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Нури Аҷам”, № 24, раиси комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет Муъмин Шарифзода маърўзаи иловагӣ намуд.

Сипас вакилон ҳисоботи буҷети шаҳр дар соли 2020-ро шунида, онро тасдиқ намуданд. Аз рўи масъалаи шашуми рўзнома вакилон ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сулҳ”, № 18 Фарангис Исмоиловаро дар бораи иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида, ба маълумот гирифтанд.

Масъалаи ҳафтуми рўзнома “Оид ба ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд” муҳокима карда шуда, вакилон қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Аз руи масъалаи ҳаштуми рузнома – Фирўза Нуруллозода-муовини Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро ба самъи вакилон расонд.

Аз ҷониби вакилон пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маъқул дониста шуда, дар ин бора қарор қабул гардид.

Вакилон дар ҷараёни иҷлосия якчанд масоили ҷориро низ баррасӣ карданд. Ҳамзамон як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд баъди муҳокима тасдиқ гардиданд.

Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишудаи иҷлосия изҳори назар намуд.

Дар поёни иҷлосия аз ҷониби садорати иҷлосия 3 нафар вакилони муваффақи шаҳр: Дилафрўз Саидӣ, Манучеҳра Кенҷазода ва Шаҳноза Мирзабаҳодуроваро барои расидан ба муваффақиятҳои илмӣ табрику таҳният карда шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба кори иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки дастуру нишондодҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикршударо бори дигар амиқ омўхта, ҳамчун дастури раҳнамо ва чароғи ҳидоят пазируфта, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатдории миллӣ,ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ талош варзем.

Таъкид шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, ҳама якҷоя бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ ҷашни умумимиллиро бо беҳтарин ҳадяҳои маънавӣ ва корномаҳои созанда истиқбол мегирем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...