(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштирок дар чорабини идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар ш. Хуҷанд.Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.
Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти замбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлубот ва Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Иштирок дар чорабини идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар ш. Хуҷанд.Дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза» кишоварзони 10 шаҳру ноҳияи вилоят ва «Иди асал» - Ассотсиатсияҳои замбӯрпарварони вилоят ва 12 шаҳру ноҳия бо дастовардҳои худ иштирок намуданд.
Ба «Иди асал» 15 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла навъҳои гуногуни асал, прополис ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод гардид.
Дар ҷойи баргузории «Иди асал» хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.
Тавре зикр гардид, аз соли 2005 ба ин сӯй, яъне аз давраи қабули барномаи давлатии рушди парвариши занбӯри асал шумораи оилаҳои замбур, адади замбурпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он қариб ду баробар афзудааст.
Ба «Сайри харбуза» зиёда аз 20 навъи ин маҳсулоти шаҳдбор, 5 навъи тарбуз ва 10 навъи каду пешниҳод шуд.
Дар ҷойи баргузории «Сайри харбуза» пирамида, хаймаҳо, чайла, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаровони маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Аз ҷумла зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.
Дар доираи баргузории «Сайри харбуза» озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуд. Аз ҷумла озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд. Бозии шавқовари дигар бо тарбузу харбуза шашкабозӣ кардан буд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок намуд.
Устодони санъати вилоят ва ҷавонону наврасони ҳаваскор намоиши ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.
Ба намоиш-фурӯш зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми қариб 300 тонна ворид гардид. Танҳо тарбузу харбуза беш аз 50 ҳазор дона буд. Ҳамаи ин маҳсулот бо нархҳои 50-60% аз бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.
Барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд, ки ба намоишгоҳ омаданд, оши палаву дигар хӯрокҳои миллӣ омода шуда буд, ки ҳама ба таври ройгон ба мардум пешниҳод шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...