(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба кор даровардани Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк».Дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд.
Ин тадбири муҳим дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳё намудани истеҳсолоти хонагии занону духтарон, ҳунарҳои милии  дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманду хонашин амалӣ шуда, боиси шодию  нишоти шавқмандони ин соҳа гардидааст.
Роҳандозии ин кори манфиатбахш чун иқдоми шоистаи навбатӣ пас аз ташкили қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт. Дар назди Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунари мардумии адрасбофию атласбофии дастии корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд 15 дастгоҳи дастӣ васл гардидааст.
Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содир намудани адраси дастибоф 7 мутахассиси соҳибтаҷриба аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шудаанд, ки давоми 2 моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Баъди 2 моҳи омӯзиш ва супоридани имтиҳон ба хатмкунандагон шаҳодатнома дода мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳо ташкил карда хоҳад шуд.
Барои рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ ва ҳавасманд гардонидани бонувони ҳунарманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуда, 3 нафар бонувони ҳунарманди вилоят бо пешниҳоди лоиҳаи худ оид ба таъсиси коргоҳи адрасбофӣ ҳар яке сазовори грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гаштаанд.
Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи истеҳсолоти хонагӣ тибқи қарори Раиси вилояти Суғд озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» эълон карда шуда, барои қадршиносии ғолибон аз буҷаи вилоят  70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни навсозӣ ва афзунсозии иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди пилла бевосита шинос шуда, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин корҳо ба роҳбарияти корхона дасутуру ҳидоятҳои судбахш дод.
Тавре иттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 500 тонна пиллаи хушк дар як сол мебошад.
Соли равон дар вилоят 750 тонна пилла истеҳсол гардида, аз он қариб 400 тоннааш аз ҷониби корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» харидорӣ шуда,  мавриди коркард қарор гирифтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истеҳсоли солонаи пилла дар вилоят ба 1,5 ҳазор тонна расонда шавад ва ҳам иқтидори корхонаи «ТВ-Силк» низ афзун карда шавад, то ки дар он беш аз 500 нафар, пеш аз ҳама занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гарданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корхона 200 кас бо кор таъмин шудаанд.
Роҳбарияти корхона аз иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷорӣ намудани боҷи гумрукӣ аз содироти пиллаи коркарднашуда изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал  имкон медиҳад тамоми пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар корхонаҳои ватанӣ коркард шавад.
Маҳз ҳамин иқдоми Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибкори ватанӣ Муқим Неъматовро водор намуд, ки ба навсозии корхонаи коркарди пилла ва таъсиси Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ камар бандад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...