(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.

Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкорӣ, созандагию ободонӣ вусъат ёфта, дар асоси нақшаҳои наву лоиҳаҳои замонавӣ инфрасохтори фурудгоҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда мешавад.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии бинои аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар солҳои 2016-2021 амалӣ карда шуда, марҳилаи аввал-толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар асоси лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии техникии ширкати “Аэр Ант” — и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Лоиҳаи сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғдинтиз” бо тарҳу намуди хосса ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳандис” ва ширкати “Алюминиюм”-и давлати Туркия анҷом дода шуда, корҳои васлу насби таҷҳизоту лавозимоти техникию технологӣ ва пардозгариро ширкати “Осмонли”-и давлати Туркия иҷро кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои лоиҳа ва сифати корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ баҳои баланд доданд ва ташаббусҳои роҳбарияти фурудгоҳ, иштироки фаъолонаи коргарону мутахассисонро баҳри то ба дараҷаи сатҳу стандартҳои меъёрӣ расонидани иншооти фурудгоҳ шоиста арзёбӣ намуданд.

Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизмат расонида шавад.

Мутобиқи лоиҳа ва нишондиҳандаҳои техникӣ, бинои аэровокзал ба масоҳати 30 ба 64 метр аз тарафи пеши бино ва 36 ва 64 метр аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умумӣ 84 метр ба 64 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун ба 17,2 метр аст.

Ҳамчунин мутобиқи лоиҳа аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопоймоҳои калонҳаҷми тамғаҳои чун “Аэробус А320” ва “Боинг 767-300” васл карда мешавад.

Дар марҳилаи минбаъдаи татбиқи лоиҳа муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир, аз ҷумла таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал пешбинӣ гардидааст.

Дар саҳни фурудгоҳ роҳи давродавр сохта, бо сифати баланд мумфарш гардидааст, ки мусофирон метавонанд тавассути нақлиёт то даромадгоҳи аэровокзал расанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...