(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ УСТОД РӮДАКИСТ

Ҳамдиёрони азиз!

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехурад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

Тазаккур бояд дод, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ ин замони зуҳури навгониҳои фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба мақоми бузургон, дарки мафҳуми худшиносии миллӣ ва бо афкори башардӯстонаи дунё пайвастани афкори тоҷикон гардид.

Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Ашъори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмӯъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рӯдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рӯдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.

Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Унвонҳо ва лақабҳои ифтихории қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми фарсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист»гуфтааст.

Устод Рӯдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккулу устувор ва такомулу тараққӣ додани назми оламгири тоҷикӣ сазовор гардидааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» чун чашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад.

Дар ин замина, барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд бахусус насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рӯдакии бузург гиромидошти осори безаволи шоир ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, созандагиву бунёдкориҳо, ободониву эҷодкориҳо вусъат ва таҳким мебахшад.

Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст.

Рӯдакӣ ифтихори миллӣ ва сарбаландии мо мебошад.

Боварӣ дорам, ки ин иди бошукӯҳ ба болоравии ҳисси хештаншиносию ватанпарастии насли имрӯзу ояндаи тоҷикон мусоидат мекунад.

Иди пурифтихори адабиёти миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...