(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНДИ ДОНИШ НАСИБАТОН БОД!

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам!

Донишҷӯёну хонандагони азиз!

Шуморо ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику муборакбод менамоям.

Дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози ҳар миллату кишвар дониста мешавад ва рушди он кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Давлату ҳукумат таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста кӯшиш менамояд.

Баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати кишвар ба он таваҷҷӯҳи хоса дорад, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои таълимӣ мебошад. Зеро, таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳанги миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани мутахассисони соҳибкасб, яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба шумо, устодону омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.

Тазаккур бояд дод, ки дар соҳаи маориф пешравиҳо ба вуқӯъ пайваста истодаанд. Ҳамаи ин дастовард аз файзу баракати истиқлолияти кишвари азизамон мебошад, ки мову шумо 30-юмин солгарди онро имрӯзҳо таҷлил намуда истодаем.

Толибилмони азиз!

Айни ҳол рисолати шумо – насли ҷавони кишвар, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар аст. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари мо дар дасти шумост.

Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо, бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед.

Мо аз шумо – устодони гиромӣ, умедворем, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи наврасон ва донишҷӯён маҳорату малакаи хешро дареғ нахоҳед дошт.

Бори дигар устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагони азизро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо фарорасии соли нави таҳсил, Рӯзи дониш самимона табрик намуда, тансиҳатӣ, рӯҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...