(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик гуфтанд

Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи тасдиқшудаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 469 иншооту биноҳо корҳои сохтмону таҷдид ба итмом расидаанд. Мавриди зикр аст, ки қисми асосии иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, аз ҷумла барои ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 4,1 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар роҳи бунёди роҳҳову нақбҳо ва роҳҳои оҳан андешаронӣ карда, бунёди нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон”-ро намунани олии иқдомҳои шоиста дар ин самт арзёбӣ карданд.

Имрӯз ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон тавассути нақби “Истиқлол” бо пойтахт, қисми марказӣ ва ҷанубии кишвар ва аз тариқи нақби “Шаҳристон” бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кишварҳои ҳамсоя тамоми фаслҳои сол робитаи шабонарӯзӣ дорад.

Соҳаи саноат дар ноҳия яке аз бахшҳои афзалиятнок буда, тавассути рушди он муҳайё намудани ҷойи корӣ барои ҳазорҳо нафар сокинон ва дар ин замина хеле беҳтар гардонидани некӯаҳволии мардум имконияти фаровон мавҷуданд. Ҳоло дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 5 моҳи соли 2021 ба 717 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад. Бо истифода аз мавҷудияти конҳои гуногуни металлҳои ранга ва қиматбаҳо, инчунин, ангишт дар ҳудуди ноҳия солҳои охир барои истихроҷ ва коркарди онҳо як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда шудааст.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳоло ноҳияи Айнӣ ба яке аз марказҳои муҳими саноатии кишвар табдил ёфта, аз қатори ноҳияҳои субвенсионӣ хориҷ шудааст ва ба буҷети давлат ҳисса мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи таъминот бо озуқа дар ҷаҳон ва мушкилиҳо дар ин самт, аз ҷумла болоравии нархҳо даъват ба амал оварданд, ки роҳбарону масъулин, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ қитъаи замин доранд, ба масъалаи истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва захира намудани озуқаворӣ дар ҳар оила муносибати ҷиддӣ намоянд.

Тайи солҳои 1991 – 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ 27 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 12 ҳазор хонанда бунёд гардида, тибқи нақша, соли ҷорӣ сохтмони боз 3 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1100 нафар хонанда ба маблағи 23 миллион сомонӣ оғоз шудааст.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, варзишгарон, омӯзгорон ва собиқадорон баромад карданд.

Баромадкунандагон ба Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...