(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар Арт-галерияи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши мусаввараҳои рассоми бомаҳорати тоҷик Зиёвиддини Нақшбанд ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз асарҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибистеъдод дидан карда, ба он баҳои баланд дод.

Бояд қайд намуд, ки дар намоишгоҳ беш аз 50 санъати тасвирӣ ба тамошо гузошта шуда буданд. Дар офаридаҳои рассоми шинохта Зиёвиддини Нақшбанд бо санъати баланди шоҳкориҳои наққошии тоҷик дар мавзуъҳои мухталиф мунъакис гардида буданд, ки аз тахайюлоти бою рангин ва зебоипарастии муаллифонаш шаҳодат медод. Инчунин рассом дар мусаввараҳои худ табиати зебои ватанамонро инъикос намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ошноӣ бо офаридаҳои рассоми шинохта ва соҳибистеъдоду соҳибмактаб таъкид дошт, ки санъати тасвирӣ ва наққошӣ аз анъанаҳои миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, моро дар ҷаҳон муаррифгар аст. Аз ин дидгоҳ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин санъати бадеъӣ хеле зиёд аст ва пайваста талқин менамоянд, ки баҳри рушду инкишофи он сайъ намоем.

Раиси вилоят гуфт, ки бояд мавзуъҳои офаридаи рассомон бештар доир ба Ваҳдат, дӯстии байни миллатҳо, худшиносиву худогоҳӣ, хештаншиносӣ бахшида шавад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст, ки онро харидорӣ намояд.

Раҷаббой Аҳмадзода тарбияи ҷавононро дар ин самт муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки ин санъати миллӣ аз насл ба насл интиқол дода шавад ва ҷавҳари 1000 солаи худро аз даст надиҳад, ба ояндагон мерос гузошта шавад. Ҳадафи асосии чунин намоишҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву меҳандӯстии насли наврас, ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба зебоиву зебоипарастӣ мебошад.

Воқеан ҳам офаридаҳои Зиёвиддини Нақшбанд «Теғи офтоб», «Дегдон», «Сангзор», «Тирамоҳ», «Зарафшон», «Дарё», «Панҷруд», «Чоштгоҳ» ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамуд.

Офаридаҳои Зиёвиддини Нақшбанд бо тарзи инкрустатсия моҳирона анҷом дода шудааст, ки беихтиёри нигоҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Маҳсули эҷоди мавсуф бо усул бо номҳои “Санги лағжон”, Маликаи Саразм”, “Аккаи ало”, Мурғи ҳумо” ва ғайраҳо бо санъати баланд офарида шудааст. Бино ба гуфти коршиносон дар ин шакл офаридаҳои Зиёвиддини Нақшбанд дар Осиёи Миёна назир надорад ва бори аввал дар мазҳари умум муаррифӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Зиёвиддини Нақшбанд зодаи деҳаи Зери ҳисори ҷамоати Рўдакии шаҳри Панҷакент буда, дастпарвари омўзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе мебошад. Мавсуф дар фабрикаи ороишии “Армуғон”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, комбинати хонасозии шаҳри Душанбе, колхози ба номи Рўдакӣ ва ғайраҳо меҳнати пурсамара намудааст.

Офаридаҳои мавсуф бештар ба таърихи фарҳанги диёр бахшида шудааст.

Маҳсули эҷоди мавсуф аз 2000 сомонӣ то 30 000 сомонӣ арзиш дошта, дар сурати ҷалби хориҷиён ва содироти ин офаридаҳо қимати он боз афзун мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рассоми шинохтаи тоҷик Зиёвиддини Нақшбанд бо фаълияти пурсамари эҷодияш таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарини корӣ тадбирҳо андешад. Дар баробари ин рассомони вилоятро лозим аст, ки офаридаҳои худро дар шакли армуғон бо ороишоти хос омода ва намоиши мусаввараҳои хешро на фақат дар дохили кишвар балки дар хориҷи он ба роҳ монанд.

Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд, ки ҷиҳати ташкили бештари чунин намоишгоҳҳоро тадбирҳо андешад, дар он ашхоси касбу кори гуногун ва сайёҳони дохилию хориҷӣ ширкат варзида бо дастранҷи ҳунармандони шаҳр ошноӣ пайдо намоянд.

Қобили зикр аст, ки Арт-галереяи «Сомониён» ҳамчун маркази намоиши асарҳои тасвирӣ аз соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, дар тӯли зиёда 20 сол, зиёда аз 170 намоиши хурду бузурги рассомонро ба маърази тамошо гузоштааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...