(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019, №1650 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №639 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар нўҳ моҳи соли 2020 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ба даромади буҷети маҳаллӣ 129,2 млн. сомонӣ маблағ воид гардид, ки ин 98,6 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил намуда, ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бошад, ин нишондиҳанда ба андозаи 79,8 фоиз таъмин гардид, ки ин ба маблағи 32,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 1,2 млн. сомонӣ кам мебошад, ки ин 99,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин андоз аз арзиши иловашуда ва низоми махсуси андозбандӣ мебошанд, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 3,7 млн. сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила ба даромади буҷети умумӣ 268,2 млн. сомонӣ маблағҳои андозию ғайриандозӣ ворид гардид, ки ин 100,6 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил намуда, ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бошад, ин нишондиҳанда ба андозаи 78,3 фоиз таъмин гардид, ки ин ба маблағи 74,7 млн. сомонӣ кам мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 10,4 млн. сомонӣ кам мебошад, ки ин 96,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин андоз аз арзиши иловашуда мебошанд ва аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 9,9 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 октябри соли 2020 маблағи 25,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 7,3 млн. сомонӣ афзудааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар нўҳ моҳи соли 2020, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо, ба маблағи 129081,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 128862,9 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,8 фоизро ташкил намуд.

Умуман, дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 90218,5 ҳазор сомонӣ ва ё 70,0 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 71059,0 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 55,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар ин давра барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳр 21843,1 ҳазор сомонӣ маблағҳои бужетӣ равона гардид, ки ин 100 фоизи ижрои нақшаро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199, қарори Раиси шаҳр аз 8 майи соли 2020, №203 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 барои муассисаҳои соҳаи тиб ба миқдори 420 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 801,1 тонна, ҳамагӣ ба андозаи 1401,1 тонна муайян карда шуда, то ба ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 525,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 794,0 тонна ангишт ва аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр ба маблағи 230,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 389,0 тонна ангиш, маблағҳои бужетӣ равона карда шуданд.

Дар ин давра дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ, аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда ба Муассисаҳои давлатии «Маркази саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 65,4 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Ҳамзамон, ба 47 нафар шаҳрвандони ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баробаркардашуда, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 11040 сомонӣ, ба 17 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 3050 сомонӣ, ба 25 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 5000 сомонӣ, ба 14 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 3360 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар нўҳ моҳи соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба муносибати 75-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии 15 нафар шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ба ҳар яке 1500 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 22500 сомонӣ кўмкпулиҳои яквақтина пардохт карда шуданд. Инчунин, барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба 10 нафар шаҳрвандони камбизоат барои дафнпулӣ маблағи 11540 сомонӣ, ба 25 нафар ятимони кулл кўмаки моддии яквақта 29785 сомонӣ ва барои расонидани кўмаки моддии яквақта ба 15 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 16500 сомонӣ, ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 57 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят маблағи 53592 сомонӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2020 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 231796 сомони пешбини карда шуда, маблағгузории он 231680 сомониро ташкил дод.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №94, қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2019, №179 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 28 августи соли 2019, №598 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2019-2021”, аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинигардида 12,6 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020», дар ин марҳила барои корҳои таъмини аҳолии шаҳр бо оби тозаи нушокӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр 996,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба харҷ дода шуданд.

Ба ҳолати имруза бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи обтаъминкунӣ, идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва нақлиёти шаҳр, 3 лоиҳаҳои инвенститсионӣ ба маблағи умумии 55,0 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад, ки аз ин 27,8 млн. доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошад. Аз рӯи Созишномаҳои қарзӣ ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатӣ дар назди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои соли 2020, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва хизматрасониҳои КВДК “Хуҷандобуканал” 328176,24 доллари ИМА, КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ» 191123,08 доллари ИМА ва КДК «Нақлиёти мусофиркашон» 773226,38 доллари ИМА пардохт карда шудааст.

Тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 “Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд” ,дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то сини 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд 13,3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ба ин мақсад равона гардидааст.

Дар ин давра тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) 1319,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ 96,0 ҳазор сомонӣ, ба Таваллудхонаи шаҳрӣ 126,0 ҳазор сомонӣ, ба Стансияи ёрии таҷилию тиббӣ 59,4 ҳазор сомонӣ, ба Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ 478,4 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №1 – 111,6 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №2 – 97,4 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №3 – 79,9 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №4 – 117,7 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №5 – 100,3 ҳазор сомонӣ ва ба Маркази саломатии шаҳрии №6 – 52,9 ҳазор сомонӣ, барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба кормандони муассисаҳои тибби шаҳр, ҷиҳати харидории маводҳои зидди вирусӣ аз ҷумла, хокаи хлор, либоси муҳофизатӣ, айнаки муҳофизатӣ, маҳлули антисептики, дастпӯшаки яккарата ва автомакс, корҷомаи муҳофизатии тиббӣ, таҷҳизоти оксигенбарорӣ, гиппохлориди натрий, маводи сӯзишворӣ, зарф барои таҳлил (пробирка) оиди муайян намудани гумонбарони беморони “COVID-19” ва барои гузаронидани корҳои профилактикии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус “COVID-19”, маблағҳои иловагӣ ҷудо ва равона карда шуданд.

Инчунин, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд 267,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 – 42,8 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи шаҳрии №2 – 21,4 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ 77,8 ҳазор сомонӣ, ба Таваллудхонаи шаҳрӣ 58,5 ҳазор сомонӣ ва ба Стансияи ёрии таҷилию тиббӣ 66,9 ҳазор сомонӣ иловапулӣ ба музди меҳнати кормандоне, ки дар пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) фаъолият доранд, ҷудо ва равона карда шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби буҷети ҷумҳариявӣ 1194,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 – 112,9 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи шаҳрии №2 – 93,6 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ 144,7 ҳазор сомонӣ, ба Таваллудхонаи шаҳрӣ 105,5 ҳазор сомонӣ, ба Стансияи ёрии таҷилию тиббӣ 158,6 ҳазор сомонӣ, ба Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ 55,7 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №1 – 77,2 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №2 – 92,1 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №3 – 54,9 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №4 – 136,8 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №5 – 136,7 ҳазор сомонӣ ва ба Маркази саломатии шаҳрии №6 – 26,2 ҳазор сомонӣ ҷиҳати кормандоне, ки дар пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) фаъолият намуданд, музди меҳнати иловагӣ ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...