(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Таърих дар поёни садаи ХХ дубора ба мо тоҷикон неъмати Истиқлолияти милливу давлатии ҳақиқиро арзонӣ дошта, ҳамзамон муддати шаш сол мавриди имтиҳони шадид қарор дод, то ин ки бо талошҳои қаҳрамонона ва раҳнамоиҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз талафоту хисоротии моддиву маънавӣ ва таҷрибаҳои талхи ҳақиқатосор, аз ин санҷиши зиёнбор гузаштем.  

Баробари он ки сулҳу Ваҳдати миллӣ ба даст омад, ҳукумати мамлакат дар пайи эҳёи ҳаматарафаи соҳаҳои гуногун гашт. Бо мақсади он ки моро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва соҳиби тамаддуни хоси давлатдорӣ бишиносанду аз аќвоми бузурги ориёї буданамонро эътироф намоянд, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 1999 љашни 1100-солагии таъсисёбии давлати Сомониён таљлил шуд ва соли 2006, ки Соли тамаддуни ориёї эълон гардид, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб низ ҷашн гирифта шуд. Се сол ќабл аз ин чорабиниҳои умумиљумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ, яъне соли 2003 бо иқдоми Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон “Соли оби тоза” эълон шуд.

Маҳз ҳамин иқдомоту ташаббусҳои барои имрўзу ояндаи сайёра ва таърихи инсонияту рушди инсонгароӣ муҳим моро вориди арсаи сиёсату фарҳанги байналмилалӣ сохт. Бо талошу ибтикори Тоҷикистон ва ҳамовозии кишварҳои ҳавзаи забону адабиёти форсӣ ва фарҳанги исломӣ аз тарафи созмони ЮНЕСКО эълоншавии солҳои бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ (соли 2007), Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), Имоми Аъзам (соли 2009), Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли 2014) ва бар ин асос баргузории конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ далел аз идомаёбии ин аъанаи нек ба шумор меравад.

Охири соли гузашта дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешвози ду санаи муҳими таърихии соли ҷорӣ – 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ мужда расонида, ба омодагии ҳаматарафа ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани ин ду тадбири дорои аҳамияти байналмилалӣ дастур доданд.

Ҳамагон шоҳиди он шудем, ки санаи 12-уми сентябр ҷашни 5500-солагии Саразм, новобаста аз вазъияти кунунии ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил ва баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз хориҷи кишвар ва намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолиятбаранда ширкат дошта, бевосита мавзеи таърихии Саразмро ба чашми худ дида, шоҳиди ҳафриёту дастовардҳои таърихии тоҷикон гаштанд.

Ҳамакнун дар арафаи ҷашни 700-солагии шоири орифмашраб Хоҷа Камоли Хуҷандӣ қарор дорем, ки умедворем низ бо раҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои миллат бештар аз дигар ҷашнҳо шаҳомат хоҳад гирифт.

Хуҷанд аз шаҳрҳои бостонии қаламрави густардаи таърихии тоҷикон ба шумор рафта, қабл ва баъд аз Камоли Хуҷандӣ нафарони нухбаеро ба олами илму адаб эҳдо кардааст, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ, Зиёудини Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёзи Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ барин афрод ва даҳҳо мисли инҳо ба ин шумор дохил мешаванд. Ҳарчанд аксарашон берун аз ҳудуди ин шаҳр зиста бошанд ҳам, ному шуҳрати илмиву адабиашон бештар аз дигарон ба номи Хуҷанд ному ба шуҳрати он шуҳрат зам кардааст.

Шайх Камоли Хуҷандӣ аз зумраи чунин номоварону шуҳратёрон мебошад, ки дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, дар ҳамин ҷо касби камол карда, худро ҳамчун шахсияти фавқулода беназир нишон додааст. Бино бар таъкиди аксари камолшиносон бо мақсади зиёрати хонаи Худо аз шаҳри Хуҷанд берун омада, муддате дар шаҳрҳои Самарқанду Чоч мондааст. Зиндагонии ин андалеби хушоҳанги чаманҳои Хуҷанд бештар дар шаҳри Табрез ва ҳудуди ёздаҳ сол дар шаҳри Сарой сипарӣ шудааст, ки аз як тараф далели оромии нисбии сиёс, рушди фарҳангиву адабӣ ва хушобуҳавоии шаҳри Табрез ва аз тарафи дигар далели манзалату мақоми ирфониву адабии вай назди султонону ҳокимони давр ба ҳисоб меравад.

Шоири хуҷандиасл ҳарчанд дур аз диёр зиста бошад ҳам, пайваста на фақат дар ёди Хуҷанд будааст, балки бо ному табиати беназир, меваҳои шаҳдбор ва хоки он, ки мисли ӯ барин фарзанди нодиреро муддате дар домани покаш парваридаву ба арсаи шеъру ирфон овардааст, назди муридони бешумораш ифтихор ҳам мекардааст ва дар хитоб ба онҳое, ки ба қадри обу хоки ватан ва фарзонагони он намерасанд, мегуфтааст:

Аз Оби Хуҷанд бигзару кўҳ,

Дар шаҳри ту ин ба ҷуз масал нест.

Ин дур(р) на дар он ҳақир дарёст

В-ин лаъл ба кўҳи Мевағал нест.

Маҳз ҳамин дарунмояи ҳунарӣ ва ҷавҳари инсонгароёна доштани “дурру гавҳари ноёб” – сухани нозилаш буд, ки Хоҷа Камол бо убур аз пайроҳаи шоирони орифе чун Фаридуддин Аттор ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ва бо пайсипарӣ аз ҷодаи Шайх Саъдии Шерозӣ дар арсаи шеъру адаб аз пояи раҳнавардӣ ба мақоми раҳнамоиву раҳбаладӣ боло рафт ва соҳиби шоҳроҳе ҳам шуд, ки пасовандони зиёдеро аз аҳли қалам аз дунболи худ овард. Таъбири “мактаби адабии Камол” ҳам, ки камолшиносон бар он бисёр ишора кардаанд, аз бузургиву соҳибмақомии ин фарзонаи олами ирфону шеър дарак медиҳад.

Муҳимтарин дастоварди адабие, ки Шайх Камоли Хуҷандӣ дар замони зиндагияш ба он ноил гаштааст, дар эҷоди шеър соҳиби сабки хоси баён шудани ӯст, ки гӯёи лутфи табъу суханаш мебошад. Ин ҷанбаи сухани Хоҷа Камолро ба инобат гирифта, Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ чунин гуфтааст: “Камол устоди бузурги забон аст. Ў дар аксари байтҳои худ як ё ду сухани думаъноро кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт мебарояд... Ҳар байти Камол, албатта, мазмуни хоси тозаи обнорасида дорад ва ӯ аз дигарон ҳам ҳамин мазмуни хосро талаб мекунад”. Аз ин рӯ, забони шеъри Камол бозтоби зебову ҳунарии забони мардум аст.

Рӯнамоии ин вижагии ашъори ӯро баъд аз аллома Айнӣ суханшиносони тоҷику эроние, чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Саъдулло Асадуллоев, Аълохон Афсаҳзод, Абдулманнон Насриддин, Абдуҷаббори Суруш, Атахон Сайфуллоев, Абдусаттор Абдулқодиров, Бадриддин Мақсудов, Козим Алии Шедфар, Азизи Давлатободӣ, Эраҷи Гулисурхӣ, Маҷиди Шафақ, Аҳмади Карамӣ ва дигарон, ки ному насабашон дар таърихи адабиётшиносиву забоншиносии муосирамон ҳамчун камолпажӯҳ сабт шудааст, ба уҳда гирифта, онро дар сатҳи матлуби илмӣ ба иҷро расондаанд. Аксари камолшиносони номбурда баробари таҳқиқи рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ ва таълифи рисолаҳои илмии алоҳида ба тасҳеҳу таҳияи ашъори шоир машғул шуда, заминае муҳиме барои рушди камолшиносӣ гузоштаанд.

Баъд аз қариб як соли таъсисёбии Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, яъне соли 2015 марҳалаи тозае дар камолшиносӣ шурӯъ шуд. Ин маркази илмӣ бо вуҷуди тозатаъсис буданаш дар муддати хеле кӯтоҳ на фақат дар соҳаи камолшиносӣ, балки умуман дар адабиётшиносӣ, хусусан дар таҳияи мутуни осори адабӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гашт. Нахустин асаре, ки бо пешгуфтори собиқ директори маркази илмии мазкур доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов соли 2015 ҳамчун дастури ояндаи камолпажӯҳӣ ба нашр расид, “Муқаддимаи камолшиносӣ” ном дошт. Баъдан “Армуғони аҳли дил” (тарҷумаи баргузидаи ашъори Камол ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ба хатти форсӣ), “Иксири саодат” (гузидаи абёт, мисраъ ва гуфторҳои ҳакимонаи шоир), “Маҷмӯаи мақолаҳои Конфренсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” (28-29-уми октябри соли 2016, Хуҷанд) барин китобҳо аз тарафи кормандони маркази илмӣ аз дасти чоп баромад. Соли 2018 “Варақи ҳусн” ном мунтахаби ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ дар таҳияи камолшиносони ҷавон– директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов ва мудири шуъбаи адабиётшиносӣ ва камолшиносии марказ Оқилбой Оқилов аз рӯйи чаҳор нусхаи хаттии қадимтарин тасҳеҳан таҳия ва нашр шуд.

Кормандони марказ соли 2019 ба нашри китоби “Мактаби Камол” ноил омаданд, ки он фарогири ғазалиёти дар пайравии ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ сурудаи 200 шоир мебошад. Аз пешгуфтори бар ин маҷмӯа навиштаи яке аз таҳиягарони он, номзади илмҳои филологӣ Баҳром Раҳматов бармеояд, ки шоирони зиёде ба ғазалиёти Хоҷа Камол таваҷҷуҳи вижа дошта, чӣ аз нигоҳи лафз ва чӣ аз лиҳози маъно таҳти таъсири сабки ин шоири соҳибтарз мондаанд.

Соли 2020 маркази илмии мазкур таҳия, таълиф ва чопи “Силсилаи китобҳои камолшиносӣ”-ро ба роҳ монда, то имрӯз ду ҷилди онро бо номҳои “Камол дар оинаи тазкираҳо”(матни 77 сарчашма дар шинохти Камоли Хуҷандӣ) ва “Камол дар оинаи пажӯҳиш” (нақди Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳишҳои шарқиву ғарбӣ) мунташир сохт. Ҳамчунин як асари китобшиносии дигар аз ин сислила бо номи “Китобномаи камолшиносӣ”-ро кормандони марказ бо библиографҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таҳия кардаанд, ки дар дасти чоп аст.

Берун аз ин силсила китобҳои “Камол – устоди бузурги забон” (маҷмӯаи мақолоти забоншиносӣ дар бораи забони шеъри Камоли Хуҷандӣ), “Ҳабдаҳ чаман” (тарҷумаи баргузидае аз ғазалиёти Хоҷа Камол бо 17 забон) ва девони ашъори Камоли Хуҷандӣ (бар асоси яке аз нусхаҳои қадимтарин ва муқобалаву муқоиса бо ду нусхаи хаттӣ ва нашрҳои илмӣ-интиқодии девони шоир) дар дасти чоп аст.

Санаи 2-юми сентябри соли ҷорӣ камолшиносони ҷавони маркази илмӣ конференсияеро ба муносибати Рӯзи китоб ташкил карда, дар он китобҳои тозанашри худро бо иштироки муҳаққиқони адабиётшиносу забоншинос муаррифӣ карданд. Фаъолияти чандинсолаи маркази илмӣ аз тарафи аҳли илму адаби на фақат вилояту ҷумҳурӣ, балки аз тарафи донишмандони хориҷӣ низ мавриди эътироф қарор гирифтааст.

Бар замми ин ҳама дастовардҳои илмии соли таърихӣ дар доираи чорабиниву тадбирҳои 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ҳанӯз аз оғози сол дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Хуҷанд лавҳаву овезаҳо бо абёти ифтихоромези шоир насб карда шуд. Озмуни телевизионии “Камолхонӣ” аз тарафи МД “Телевизиони вилояти Суғд” ва Раёсати маорифи вилоят байни хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ташкил ва дар арафаи Иди дониш баргузор гашт.

Шаҳри Хуҷанд на танҳо ин ифтихорро дорад, ки фарзанди фарзонае чун Камоли Хуҷандӣ аз хоки он бархоставу бо шуҳратёрии худ тирози ҷаҳонро номовартар аз гузашта кардааст, балки имрӯз фахру нозиш ҳам аз он дорад, ки овозаи номи ин шоир зодгоҳашро дар миёни шаҳрҳои бостонии қаламравии Осиёи Марказӣ ва берун аз он сар то сари ҷаҳон машҳуртар намудааст. Беҳуда нест, ки дар бораи ин фарзанди фарзона ва чеҳраи мондагори таърихи фарҳангу адабиётамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ақлу заковат, покизагӣ ва меҳру муҳаббати Шайх Камол дар дилу дидани сокинони ин шаҳр (Хуҷанд) ва ба таври умум сар то сари Тоҷикистон таҷаллӣ ёфтаааст. Дарахти андешаҳои башардӯстонаи Шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд”.

Дар партави ин суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеди сарсабзии дарахти андешаҳои башардӯстонаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ тамоми тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати 700-солагии ин андалеби хушалҳони боғҳои Хуҷанд табрику таҳният мегӯям ва омодагии хуҷандиёнро барои таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ ҳамчун раиси он эълом медорам.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...