(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ «Девон»-и ин шоири маъруф тавассути нашриёти Хуросон аз чоп баромад. Девон ҳадяи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии кишвар буда, бо сарсухан ва соядасти Пешвои миллат ба зевари табъ ороста шудааст.

Таҳиягарони матни "Девон", муаллифони тавзеҳот ва охирсухан Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов буда, "Девон" зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод омода шудааст.

Матни «Девон» дар асоси нусхаи хаттии №2103-и Китобхонаи Отиф Афандии Истамбули Туркия, ки соли 872/1468 китобат шудааст, мураттаб гардида, бо қадимтарин нусхаи хаттии девони шоир, ки дар Китобхонаи Остони Қудси Разавии Машҳади Эрон таҳти №4739 нигаҳдорӣ мешавад ва нусхаи хаттии №1236, ки дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, мавриди қиёсу муқобала қарор гирифт.

Ҳамчунин, матни «Девон» бо матни 6 нашри девони илмӣ-интиқодие, ки аз ҷониби Азизи Давлатободӣ, – Табрез, 1958; Козим Шидфар, – Маскав, 1975; Шарифҷон Ҳусейнзода ва Саъдулло Асадуллоев, – Душанбе, 1986-1987; Аҳмади Карамӣ, – Теҳрон, 1993; Эраҷи Гулисурхӣ, – Теҳрон, 1995; Азизи Давлатободӣ, – Табрез, 1996 муқоиса гашта, ихтилофи нусхаву нашрҳои илмӣ-интиқодӣ дар поварақ нишон дода шудааст. Бояд қайд кард, ки «Девон» дорои тавзеҳот буда, дар ҳудуди 100 саҳифа ғазалҳои тозаёфтшуда, байтҳои душворфаҳм, байтҳои дорои баҳсҳои матншиносӣ, байтҳои дорои матни арабӣ ва ғ. шарҳу тавзеҳ дода шудааст.

Девони мазкур аз 4 қасида, 1097 ғазал, 1 маснавӣ, 3 мустазод (фақат дар бахшҳои гуногун), 66 рубоӣ, 114 қитъа, 48 муаммову фард, ҷамъан 8254 байт ва бо иловаи 100 байти поварақ 8354 байтро ташкил медиҳад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдом бо ташаббуси Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависнадагони Тоҷикистон ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода рӯйи кор омадааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...