(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳоло бармегардем ба аввали солҳои навадуми қарни гузашта ва ба иллати мантиқии сарнагунии кишвари Шӯроҳо назар меандозем. Ба ин васила шояд ба саволи беҷавоби “Чаро дар Тоҷикистон ҷанг шурӯъ шуд?” ҳам посухи асоснокро битавонем пайдо кунем.


Бо гузашти тақрибан се даҳсола аз фурӯпошии СССР, вақте ки ба базаи иттилоотии ҷаҳони маҷозӣ назар меандозем, мебинем, ки сиёсатмадорони қариб ҳамаи кишварҳое, ки замоне барои мулки Шӯроҳо ҳарифаки дасткӯтаҳи сиёсӣ маҳсуб меёфтанд, иддао бар он доранд, ки натиҷаи муборизаи онҳо будааст, то режими аз назари онҳо, “хатарноку оламгир”-и СССР шикаст хӯрд ва тиккаву пора гардид.

Ҳоло муҷоҳидини афғон мегӯянд, “СССР-ро мо шикаст додем”. Амрикову Инглису Фаронса даъво доранд, ки “пирӯзӣ бар бузургтарин империяи ҷаҳонӣ натиҷаи кори ҷосусони зираки мо буд”. Сиёсатмадорон Исроил мегӯянд, “мо он давлати саркашро, ки бо маслиҳати хирадмандони яҳудии рус амал намекард, азм намудем, ки аз нақшаи сиёсии ҷаҳон пок созем ва пок намудем”…

Ҳамаи ин даъвоҳои соддалавҳонаву беасос ба ҷои худаш, аммо назари мантиқитар ҳамон аст, ки СССР-ро дарду нуқсону иллатҳои дар тӯли солҳои дароз ислоҳнагардидаву тадбирнаёфтаи дохилӣ аз дарун нобуд сохтанд. Вагарна, зӯру тавони ҳеҷ неруи беруна барои иҷрои ин кор намерасид ва ҳеҷ системае қудрати кофӣ надошт, ки бо СССР сарбасар шавад.

Яке аз иллатҳои аз дохил сарзадаи замони Шӯравӣ, ки пеш аз ҳама, барои бақои худи низом ҳам хатарзоянда буд, ин будааст, ки манфиатҳову арзишҳо ва муқаддасоти бештари миллатҳои маскун дар ин кишвар, ки асоси нуфузи мамлакатро ташкил менамуданд, дар давоми даҳсолаҳо ҷоҳилона поймол карда мешуданд ва бо иллати зуҳури хатари глаболизатсияи умумишӯравӣ, дар вартаи нобудӣ қарор гирифта буданд.

Намояндагони бисёр халқу миллатҳо, гарчанде зоҳиран дар забон шиорҳои пойдории қудрати мамлакатро замзама мекарданд, аммо дар замири дилашон орзу доштанд, ки мӯъҷизае рух бидиҳаду СССР аз байн биравад ва миллату халқҳои онҳо ба истиқлолият бирасанд ва битавонанд, ки забону дину фарҳангу тамомии ҳудудии кишвари ҷудогонаи худашонро наҷот бидиҳанд. Ин ҳолати нигароникунанда дар минтақаҳои Қафқоз, назди Балтика, Белоруссия, Украина ва худи РСФСР нисбатан возеҳу равшантар эҳсос карда мешуд.

Азбайнбарандагони дохилии низоми Шӯравӣ ин иллату нуқсонҳои гандида ва ё ба ҳолати ифрот расидаро хуб таҳлил карда буданд ва нағз медонистанд. Бесабаб набуд, ки дар аввалин қадам онҳо ҷумҳуриҳои бародариро муддате пештар, барои расидан ба истиқлолияти комилу бебозгашт васваса мекарданд, то ин ки ҳангоми эълон шудани созишномаи Беловежск (Беловежское соглашение, 08.12.1991) муқовимат нишон надиҳанд, тазоҳурот накунанд, ором бинишинанд ва дар фикри манфиатҳои милливу ҷумҳуриявии худашон бошанд.

Дар “Созишномаи Беловеж”, ки баъдан ҳуқуқшиносон онро як намуд “тавтеа”, (хиёнати дастҷамъона) ё ин ки “заговор” алайҳи СССР унвон карданд, фақат сарварони се кишвар – Русия, Украина ва Белоруссия ширкат намуданд. Ҳол он ки тибқи Конститутсияи СССР, ки дар соли 1936 ба тасвиб расидааст, тасмимгирии танҳо намояндагони се ҷамоҳири бародарӣ барои сарнавишти ҳамаи кишвар ғайриқонунӣ буд. Бояд тасмими зарурӣ бо иштирок ва раъйдиҳии намояндагони тамоми ҷамоҳире, ки дар соли 1922 ин Иттиҳоди сиёсиро бунёд намуда буданд, сурат мегирифт. Мақсади ин тавтеа (“заговор”) ин буд, ки СССР-ро расман фурӯпошида эълон кунанд, яъне фаъолияти СССР (Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалитсӣ) ҳамчун субъекти ҳуқуқии байналмилалӣ қатъ карда шавад. Ҳамзамон барои бунёди иттиҳоди нави кишварҳои аз ҳайъати ин империя озодгардида ниҳоди ҷадидеро бо исми Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) (СНГ - Содружество Независимих Государств) хишти аввал бигузоранд.

Рӯзи 21 декабри соли 1991 дар пойтахти Қазоқистон роҳбарони боз 8 ҷумҳурии дигари поягузорони СССР дар соли 1922 ҷамъ омаданд, то дар бораи фурӯпошии СССР ва бунёди ИДМ музокира намоянд ва дар протоколи қаблан рӯи коромадаи “Созишномаи Беловежск” (Беловежское соглашение) имзои худро гузошта ва ба он санад ҷанбаи ҳуқуқӣ ато намоянд.

“Президенти СССР Михаил Сергеевич Горбачев ба парламентҳои ҳамаи республикаҳо мактуби расмӣ фиристода, бонги хатар зад, ки амали хоинонаи фурӯпошонидани СССР оқибатҳои нохушеро ба бор хоҳад овард. Аммо намояндагони маҷлисҳои республикаҳои бародарӣ ба ин нома эътибор надоданд” (Большая российская энциклопедия).

Ин аст ташхиси сабаби асосии суқути СССР: “Дар ҳаққи империя роҳбарони ҳамаи республикаҳо ва парламентҳои онҳо хиёнати дастҷамъона карданд ва ба хоинони низом муқовимат нишон надоданд, он чӣ ки марому мақсади мардуми оддии ин кишвари гуногунмиллат буд…”

Вале агар тамоми халқи советӣ ё вакилони парламентҳои кишварҳо ба бонги изтироби М.С.Горбачев посухи мусбии саривақтӣ гуфта, барои дифои низом бармехостанд ва пеши роҳи фақат чанд нафар хоинонро мегирифтанд, шояд СССР то ба имрӯз зиндаву побарҷо мемонд ва намегузошт, ки Амрико ва Чин ҷои холии онро дар мақомоти қутбнамойии ҷаҳонӣ пур кунанду ҷангҳои имрӯзаи иқтисодиву биологиву короноии мавҷударо ба роҳ андохта, тамоми инсонияти кураи заминро ба ташвиш гузоранд.

Ин фактҳои торихӣ ва назари расмии ҳуқуқшиносону сиёсатдонҳост. Вале мо бо омӯзишу баррасиву муқоисаи муҷаддади далелу бурҳон ва воқеаҳои он замон мехоҳем бифаҳмем, ки ҳамин амали фурӯпошанда ва тахрибовари роҳбарон ва парламентҳои республикаҳои бародарии сотсиалистӣ, дар воқеъ, хиёнати беинсофона ба низоми Шӯравӣ буд, ё кӯшиши наҷот додану ҳифз намудани арзишҳои миллии ҷудогона аз бими нобудшавӣ дар глаболизатсияи умумишӯравӣ? Глаболизатсияе, ки қарор буд, танҳо забони русӣ ва фарҳанги ҷадиди шӯравиро ҳифзу такомул бахшида, боқимонда тамоми забону фарҳангу хатту санъату адабиёту таомул, расму анъанот, дину ойин ва умуман тамаддуни торихиву арзишҳои милливу минтақавиро пурра ба коми нобудӣ бикашад.

Вақте ки ба амалкард ва фаъолияти сиёсатмадорону роҳбарони ҷамоҳири ба тозагӣ истиқлолёфта дар солҳои минбаъда назар меандозем, бо мантиқ ва бо хирад дармеёбем, ки ҳадафи асосии роҳбарону сиёсатмандони ҷамоҳири бародарӣ дифои манфиатҳои милливу мардумии худашон будааст, на хиёнату бадхоҳӣ нисбат ба Ватани муштаракашон. Инро тахрибгарони низоми шӯравӣ солҳо омӯзишу пажуҳиш карда буданд ва ҳисоб бар он мекарданд, ки агар роҳбарияти олии республикаҳоро барои расидан ба истиқлоли комили бебаргашт васваса намоянд, он гоҳ дар фурӯпошонидани низом онҳо на ин ки муқовимате нишон намедиҳанд, балки ҳамдастиву ҳамкории самарабахшеро низ ба анҷом хоҳанд расонид.

Зеро дороиву амволу моликияте, ки ба ҳар ҷумҳурии озодгардида ва истиқлолёбанда дар натиҷаи фурӯпошӣ ва таракаи ин империяи азим бояд ғанимат мерасид, хеле зиёд ва арзишманд буд ва шубҳае набуд, ки намояндагони ҳамаи халқияту миллатҳоро хаёлпардозу васвасазада намояд. Ин ғаниматҳо маъданҳо ва сарчашмаҳои захираҳои табиӣ, водиҳову даштҳои зархези зироаткорӣ, заводу фабрикаҳо, роҳҳои заминиву обӣ, техникаву технологияи пуриқтидори фаъоли шӯравӣ, дороиҳои низомӣ – танку тӯпҳо, зиреҳпӯшу киштиҳои зериобиву рӯйидарёии ҷангандаву боркаш ва ҳазорон ҳазор номгӯи дигар буданд.

Ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон барои манофеи худ дар Ҷумҳурии худмухтори Қарабоғи Кӯҳӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ ва ҷангҳои мусаллаҳона пардохтанд, ки то ба имрӯз даргириҳояшон идома дорад. Гурҷистон бо Осетияи шимолӣ олудаи ҷангҳо ва баҳсҳои ҳудудиву сиёсӣ гардид. Ҷумҳурии худбунёди Приднестрове барои аз ҳайъати Молдова истиқлол пайдо кардан вориди ҷангу ҷидол шуд. Ҳамчунин, дар Чеченистон давлати худистиқлоли Ичкерия бо Русия вориди ҷанг шуд…

Акнун баргардем, ба кишвари азизу меҳрубонамон - Тоҷикистон ва бубинем, ки чӣ мушкилиҳоро паси сар кард ва чӣ бадбахтиҳоро таҷриба намуд. Тоҷикистон ягона кишвари бародарии Шӯравӣ буд, ки ҳангоми пайвастан ба ҳайъати Шӯравӣ, дар бурду бохтҳои сарнавишт камтарин бурдҳоро ба даст овард ва заҳру шарбати талхи бештарин бохтро чашида буд. Ин кишвари СССР-и собиқ, ки ҳангоми бунёдаш дар заминаи ҷуғрофии хеле доманадор мардумону қавмҳову миллатҳои зиёдеро муттаҳид, бештари халқиятҳоро бузург намуда, ба мартабаи сиёсии миллат расонида буд. Аз ҷумла, дар ҳудуди Осиёи Миёна аз ҳисоби халқу қавму қабоили гуногун, ки дар ин ҷо чанд садсолаи охир ҳамзистии муштаракро таҷриба менамуданд, миллатҳои тозаеро ба монанди туркману қазоқу қирғизу ӯзбек ба миён овард ва онҳоро соҳибдавлат намуд.

Аммо ба сиёсати хеле барвақт дар Русияи подшоҳӣ ва дар Қазону Боку решагирифтаи пантуркистӣ аз қабоили турку тотор ва соири ақвоми муғултабор ҳимоят мекард, ягона миллати ғайримуғулии қадимаву тамаддунофарини ориёиасли ин минтақа бо исми “тоҷик” халал мерасонид. Сиёсате, ки ба фоидаи бародарону ҳамдиёрони муғулнажодаш, ки мехостанд дар торихашон бори аввал соҳиби давлату савлат ва мақоми сиёсии “миллат” гарданд, амал мекард. Тоҷик дар ин раванд шаҳрҳои қадимаи Марву Хоразму Самарқанду Бухоро, Хуқанд, Тирмизу Насафу Фарғона ва арзишҳои вобаста ба ин минтақаҳо ва ҳамчунин дороиву ганҷинаҳои зиёдеро аз даст дода буд.

Муғулнажодони бародари мо дар давоми фақат чанд садсола, ки аз нигоҳи торихӣ фурсати зиёд нест, ончунон бо миллату тамаддуни мо омезиш пайдо карда буданд, ки ҳама арзишҳо ва дороиҳои торихии моро, аз қабили санъати мусиқии классикии “Шашмақом”, санъати тасвирии Мониву Беҳзод, системаи матоъҳои атласу абру адрас, саноеи заргариву мисгариву соири шуғлу касбу ҳунарҳо, оши палаву ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада, шахсиятҳои адабиву илмиву фарҳангӣ, ба монанди Абуалӣ Ибни Синову Ал-Бухориву Имом Fазоливу Берунӣ ва ҳазорон ҳазор арзишҳои миллии моро, ки дар зиндагии онон ҳам нақшу аҳамияти торихӣ пайдо намуда буд, гумон мекарданд, моли онҳост ва решаи муғулӣ дорад.

Принсипи тақсимоти ҳудудии болшевикон, ҳангоми бунёди империяи Шӯравӣ дар солҳои бистуми қарни гузашта чунин буд, ки онҳо таркиби қавмиву нажодии минтақаи мавриди назарро омор мегирифтанд. Дар он минтақа ё маҳал намояндагони ҳар қавму халқияте агар зиёдтар ҳузури физикӣ дошта бошанд, он минтақаро барои ҳамон миллати теъдоди аксариятдошта унвон ва тақдиму таслим менамуданд.

Бинобар ҳамин талабот ва ҳамин имконияти худбатасвибрасонӣ, ҳукуматдорони муғултабори онвақтаи минтақа дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Тирмиз дар муддати чанд рӯзи тақвимӣ ҳангоми оморгирӣ ҳазорон ҳазор мардуми форсизабону ориёиасли ин шаҳрҳои қадимаро, ки ба ғайр аз забони модарии форсӣ-тоҷикии худ, дигар забону лисонеро балад набуданд, ҳарфу калимае аз туркиву муғулӣ намедонистанд, миллати онҳоро дар шиносномаҳои тозасодиршавандаашон иҷборан “ӯзбек” менавиштанд ва ба ҳамин минвол шаҳрҳои торихиву бостонии моро бо ҷамъи нуфуз ва аҳолиашон, бо маънии том, аз мо “дуздиданд”...


(Идома дорад)

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...