(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ман як тоҷики мусофир, дур аз ватанам. Умедворам, ки ин номаи маро бетаҳрир чоп мекунед. Агар чоп накунед, шумо ҳам мисли Кабирӣ хиёнаткоред.

Имшаб  филми Хиёната  кисми 4-умашро дидаму ба фикр рафтам, ки Ҳизби наҳзати исломӣ хатарнок аст ё коронавирус. Фикр кардаму фикр кардаму ба хулоса омадам, ки коронавирус шараф дораду наҳзатиё не. Каронавирус олоти мардиро намебурад, гӯшу бинию панҷаҳоро намебурад, зинда ба зинда чашма намеканад, каллая намебурад, занону духтара таҷовуз намекунад. Ин кора Гитлер, Чингизхон, Темури ланг, лашкаркашои ҷаллоди араб карда буданд. Боз фарзандони нохалафи онҳо наҳзатиё.

“Хиёнат” чашми мана кушод,  ҳақиқата дидам. Эй кош ҳамин филмро намедидаму дилам аз наҳзатиҳою пуштибонои онҳо хунук намешуд. Шукри худо, ки баъди ин хунхориҳои наҳзатиён ба дунё омадам. Агар касе ин гапҳоро мегуфт, дар сад сол бовар намекардам. Аммо дар ин филм бо чашми худам ваҳшонигариро дидам. Язнаам вақти тамошои филм дар хонаамон паҳлуям нишаста буд. Вай ҳама вақт ҳукуматро танқид мекард, камбудӣ мекофт. Баъди дидани филм ба тавба даромад. Тавба кард, ки Ҳукуматро, ки ин қадар ободӣ кардааст, танқид мекард. Шукр мегуфт, ки ин наҳзатиҳои хунхор сари қудрат наомадаанд. Агар сари қудрат меомаданд чи рӯзи сиёҳе ба сари мардум меомад.  Афғонистони тайёр мешудем. Наход дар ҳавои тафсон одамони калонсолу кудаконро дар даруни бочка маҳкам карда, издиватса кунанд. Куҷои ин мусулмонист. Худо нони хурдагетон дар баданатон заҳр шавад. Ин Кабирӣ не, як бало будаст. Рӯша сиёҳ карда, зархарид шуда боз мехоҳад мардуми тоҷикро ба хуну хок оғуша кунад. Мон мардум рӯзи худо баранд. Нав тинҷ шудем, нав нони серӣ хурдем, нав обод шудем. Охи биё, миёната банд, қатори мардум даро, мулката обод кун. Мурӣ ҳам дар ватанат мемурӣ, саги дайду барин пеши пойи мардуми бегона намешавӣ. Ҳамин Ҷаноби олӣ одами хуб, ҳамаро бахшид, тура ҳам мебахшад! Сарата пеши душманои миллатат хам мекунӣ, гадоӣ мекунӣ барои хунрезӣ, якбор пеши пойи Ҷаноби олӣ сар хам кун, садта ту борин хиёнаткора бахшид, туям мебахшад. Вазифаталаб бошӣ вазифа метияд. Депутат буди ку, дар таги поят мошин буд, бизнесмен будӣ, дар Масква қатор қатор магазин доштӣ. Ба ту чи намерасад? Номус намерасад? Номус ватандорист, халқи худа, миллати худа куштан нест. Ҳолоям дер нашудаст , биё ба Тоҷикистон.

Ба куштан хока сер намекунӣ. Ҳаминқадар куштӣ бас. Арабо куштанд, муғуло куштанд бас набуд, ки боз ту тоҷик тоҷиккушӣ мекунӣ.

Бовар намекунам, ки ин корро бо дастури худатбашараҳои эронӣ мекунӣ. Дар фикрам намеғунҷад, ки ин кора Эрон бо дасти ту мекунад. Вақте Ироқ бо Эрон ҷанг кард тамоми тоҷико ба по хестанд, ки ба ҷанг мераванд, Эрона ҳимоя мекунанд. Ин чи бало задаст, ки Эрон тоҷикоя ҷанг меандозад. Забонамон як, миллатамон як. Хайр чи шудаст, ки мазҳабамон дигар. Охи динамон як аст ку. Нав фаҳмидам, ки “мамлакати ба мо дӯст”, ки дар филмҳои дигар омада буд, ҳамин Эрон будаст. Эй Эрон ба ҳуш ой, ту миллати худатро дар Осиёи Миёна нобуд мекунӣ! Тоҷикон ягона пушту паноҳу ту буданд дар ин минтақа. Туя пушту паноҳи худашон медонанд. Шиа шудан шарт аст? Сунӣ ҳам бошанд аз Эрон дастгирӣ мекарданд. Ғалат кардӣ худо мебахшад. Ин Кабирии нохалафа як торсакӣ бари рӯяш зан. Вақташ Аҳмадшоҳи Масъуд ин кора бо Абдуллои Нурӣ кард. Ту бо Кабирӣ кун. Мардуми Эрон ҳам мардуми хундоранд, Аҳмадшоҳи Масъуд доранд. Эрониё ҳаммилатои худа бояд дастгирӣ кунанд, душманшодкунак нашаванд. Калуши Кабирия пеши пош мон, бачагӣ накун, ин гӯҳе, ки хурдӣ дигар нахур гуй. Пушташ як каф орд зану фиристоед биёяд.  Намедонам миллат мебахшад ё не, аммо худо бахшанда аст.

Мустафо Салимзода

P.S Ин нома бидуни таҳрир ба дасти чоп расид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...