29 Май 2014
Ҳозири гиромӣ!
Фарзандони азизу меҳрубон!
Ҳамасола санаи 1-июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана қайд карда мешавад. Ин иқдом соли 1949 дар шаҳри Маскав дар сессияи Совети Федератсияи демократии байналхалқии занон тибқи қарори Конгресси дуюми он поягузорӣ шуда буд. Ҳадафи он сафарбаркунии афкори ҷамъиятии ҷаҳонро ба муборизаи муҳофизати бачагон аз хатари ҷанг, таваҷҷӯҳ ба тандурустӣ ва тарбияю таълимӣ он дар асосҳои ҷомеаи демократӣ ҷорӣ кардан буд.
Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳӣ хосса фарогиранд. Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани куллӣ имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рӯзгорамон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хосса рӯз аз рӯз бештар мешавад. Соли равон аз ҷониби Сарвари мамлакат ва Раиси вилоят қабул ва тақдими ҳадяҳо барои ин кӯдакон ва дар мадди назари аввал қарор додани муаммоҳои ин табақаи ҷомеа ифодаи равшани таваҷҷӯҳи сидқдилона ва доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи вилоят мебошад. Сарвари мамлакат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам». Шаҳодати воқеъияти ин суханони пурмеҳр ҳаёти озоду ободи имрӯзи мост.
Қобили қайд ва боиси ифтихор аст, ки Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба дастгирии модару кӯдак, тарбияи ҷисман ва руҳан солими онҳо ғамхорӣ ва диққати махсус медиҳанд, ки кӯдакон айёми беғаши умрро хуш гузаронанд ва аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
Хушахлоқу меҳнатдӯст тарбия кардани кӯдакон, дар қалби кӯчаку орзупарвари онҳо ҷой намудани эҳтирому эъзози калонсолон, эътиқоду садоқат ба роҳи пуршарафи волидайни шарафманд мақсаду мароми фаъолияти ҳаррӯзаи мо буд ва ҳаст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакон, махсусан ба кӯдакони ниёзманду сиҳатиашон коста ғамхории муттасил ва сарпарастӣ карданро дар мадди назари аввал медорад.
Дар шаҳр барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии кӯдакистонҳо, аз ҷумла бунёди кӯдакистони Президентӣ барои 1000 нафар кӯдакон, кӯдакистонҳои хусусӣ, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯмаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхорӣ ба парваришгоҳҳои махсус давра ба давра такмил меёбад.
Умед дорем, ки кӯдакони баландиқболи мо айёми кӯдакии ҳаёти худро хушҳолона мегузаронанд, тансиҳату солим ба воя мерасанд, сулҳу осоиши кишварро гиромӣ медоранд, роҳи пуршони волидайни худро идома дода, бо шукронаи соҳибдавлат будан аз Тоҷикистони азизи хеш ифтихор менамоянд. Ба номбардорони миллат, кӯдакони хушрӯзу сафои диёр олами афсонавии орзуҳо, рӯзгори хурраму босаодат, ҳамеша табассуму хушҳолии беғуборро орзу мекунам.
Ҳамеша сиҳатманду солим бошед!