(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо соли 23-юм аст, ки сулҳу оромӣ ҳукмфармо аст ва шаҳрвандони баландиқболи Тоҷикистон барои шукуфоӣ ва пешрафти ин Ватани маҳбуб ҳамарӯз талош меварзанду меҳнат мекунанд. Ин санаи муборак-Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд самимона шодбош мегӯям ва барояшон бахту саодат, рӯзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию сарбаландӣ орзу менамоям.

27 июни соли 1997 дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофар ва оғози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ба шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини ҷумҳуриамон даврони нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, имконият фароҳам омад, ки барномаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ татбиқи худро ёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд, ки арзишмандтарин неъмати даврони Истиқлолият суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҳамаи дастовардҳои мо ба он алоқамандии зич дорад.

Алҳол сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд, то дар кишварҳои ҷангзада сулҳу оромиро барқарор созанд.

Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат мо дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар муӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ ҳарф мезанем, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳро барқарор намуданд ва мардум Ватанро обод карда истодааст.

Дар шахри Хуҷанди бостонӣ чун дар тамоми минтақаҳои дигари кишвари соҳибистиқлоламон ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ созандагиву ободкориҳо вусъати тоза гирифтааст. Мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми азизи Хуҷанди бостониро ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо рӯзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони шод орзу менамоям Мо дар якдиливу ҳамраъйӣ ва ваҳдати комил бар зуҳури бемории коронавирус хотима хоҳем бахшид.

Бигзор ваҳдати миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пояндаву ҷовидонбошад!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...