24 Май 2014
То интиҳои ҳафтаи равон кӯчаи ба номи Ҳаким Карим, ки масофаи он 400 метрро ташкил медиҳад бо кӯмаки молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Идораи давлати истифодабарии роҳҳои маркази вилоят аз таъмири куллии хушсифат бароварда мешавад.
Ҳоло кормандон марҳилаи ниҳоии корҳои асфалтхобониро ба анҷомрасонда, кӯчам мазкурро барои истифода омода мекунанд. Дар баробари ин кормандони истифодабарии роҳ мувофиқи нақшаи таҳияшуда, дар кӯчаҳою маҳаллаҳои дигари шаҳри Хуҷанд аз ҷумла кӯчаи академик Раҷабовҳо, қисми дигари кӯчаи ба номи Фирдавсӣ, ба номи Мавлонбеков барои мумфаршкунӣ роҳро омода менамоянд.