21 Май 2014
Озмуни «Маликаи сол» дар маркази вилоят ҳамасола гузаронида шуда, ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебоипарастии ҷавонон ташкил мешавад.
Соли ҷорӣ дар давраи ниҳоӣ 6 нафар довталабон дар озмуни «Маликаи соли 2014» иштирок намуданд.
Дар интиҳои озмун мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Бахтиёр Исматҷонов иштирокдорон ва ғолибони ин озмуни зебоӣ ва ҷавониро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки ҷавонон ҳамеша тарғибгари фарҳангу маърифати баланд ҳастанд.